Қоҳир Расулзода: Истеҳсоли картошка коҳиш ёфтааст
Қоҳир Расулзода, райиси вилояти Суғд аз ноҳияи Кӯхистони Мастчоҳ боздид кард.
Номбурда дар маросими ба истифодадиҳии толори варзишӣ дар шаҳраки Меҳргон ширкат варзида, бо рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунии минтақаи хафноки роҳи асосии ноҳия, дар деҳаи Эзис шинос шуд. Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии райиси вилоят иттилоъ доданд, Қоҳир Расулзода баъдан дар деҳаи Вардочит хишти аввали шаш синфхонаро гузошта, масъулинро вазифадор намуд, ин синфхонаҳо то ҷашни истиқлолият бояд мавриди истифода қарор дода шаванд.«Мо то имрӯз дар чанд шаҳру ноҳияҳо чунин мулоқот доир намудем ва баргузории онҳо собит намуданд, ки ҳанӯз дар ҷойҳо масъалаҳои ҳалталаб зиёданд», иброз намуд райиси вилоят дар хоҷагии деҳқонии Табушни ин ноҳия.Бино ба қавли Қоҳир Расулзода, тайи панҷ моҳи соли равон кишоварзони ноҳия истеҳсоли маҳсулотро ба 7,1 млн сомонӣ расониданд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳамагӣ ба андозаи 0,3 фоиз зиёд аст. Яъне пешравӣ дар соҳа, кам бошад ҳам, ба назар мерасад, вале нишондиҳандаҳои ба даст овардаро ҷуқуртар таҳлил намоед, фаъолият ба талаботи имрӯза ҷавобгӯй нест. Ҳамчунин, раиси вилоят аз коҳишёбии ҳосилнокии баъзе намуди зироатҳои дар ноҳия истеҳсолшаванда, бахусус, картошка ва ғалладонагиҳо изҳори нигаронӣ намуд.Манбаъи хабар афзуд, сафари кории раиси вилоят дар водии Зарафшон идома дошта, мулоқоти Қоҳир Расулзода бо сокинони ниҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакент низ дар назар аст.