Иноятов якумр дар зиндон мемонад
Додгоҳи вилояти Суғд як сокини 21-солаи ноҳияи Зафарободро ба ҳабси якумра маҳкум кард.
Тавре ба хабарнигори маҳаллии Озодагон дар додгоҳи номбурда иттилоъ доданд, Қувондиқ Иноятов дар куштори бераҳмонаи се сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муттаҳам дониста шуда, бо ҳукми суд боқимондаи ҳаёти худро паси панҷараи маҳбас хоҳад гузаронд.
Ёдовар мешавем, шаби 18-уми июли соли ҷорӣ дар хонаи истиқоматии худ сокинии 66-солаи ноҳияи Б.Ғафуров, нафақахур Абдусалом Сайфуддинов ва боз ду нафар меҳмонони вай, сокинони ҳамин нохия бо табар ба қатл расонида шуда буданд. Вале мақомоти тафтишотӣ аз из ҷиноят танҳо санаи 23-уми июл огаҳӣ ёфтанд, ки ҷасадхо аллакай бӯй гирифта буданд. Пас аз чанд рӯз дар иртибот ба ин ҷиноят Қувондиқ Иноятов боздошт гардида, тафтишоти қазияи ӯ имрӯз ба анҷом расид.