Зимни ин мулоқот аз нишондодҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли равон изҳори хушнудӣ шудааст, зеро ба қавли манбаъ, афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин муддат ба 7,5 фоиз ва таваррум ба 5,6 фоиз расидааст. Қайд гардид, ки сарфи назар аз вазъи мураккаби иқтисоди ҷаҳонӣ ва таъсири манфии мушкилоти минтақавӣ, Барномаи муштараки Тоҷикистону Хазинаи Байналмилалии Асъор дар доираи механизми васеи қарзӣ бомуваффақият ба итмом расид.
Гуфта мешавад, бо таҳия ва қабули барномаи нав ва идомаи ҳамкории танготанг ҳар ду ҷониб изҳори ҳавасмандӣ намуда, таъкид намуданд, ки ҳамкории Тоҷикистон бо ХБА дар соҳаи макроиқтисодӣ, фискалӣ ва пулӣ, инчунин амалӣ намудани дигаргуниҳои сохтории пешбинишуда, ки ба рушди мӯътадили иқтисоди кишвар дар давраи мушкилоти афзояндаи ҷаҳонию минтақавӣ нигаронда шудаанд, бояд идома ёбад.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ин нишаст ҳамчунин доир ба роҳҳои таъмини амнияти энергетикию озуқавории Тоҷикистон ва беҳсозии тадриҷии некӯаҳволии мардуми кишвар ва ҳамчунин дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.