Шӯрои МН қонун «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии ҶТ»-ро ба баррсӣ гирифт
Таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, райиси МН ҷаласаи навбатии Шӯрои ин ниҳод баргузор шуд.
Тавре ба Озодагон аз хадамоти матбуотии палатаи поёнии парлумони мамлакат иттилоъ доданд, дар он масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардид. Аз рӯи масъалаи мазкур раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки мақсади асосии пешниҳод гардидани ин масъала барои баррасӣ ба ҷаласаи Шӯро талаби замон буда, ҳамзамон мутобиқ намудани он ба як қатор қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «»Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.
Зикр шуд, ки қонуни мазкур тартиби бастан, қабул, тасдиқ, бақайдгирӣ, нашр, иҷро намудан, бекор кардан ва боздоштани шартномаҳои байналмилалиро аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Дар поёни ҷаласаи Шӯро қисме аз масъалаҳо барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон, ки рӯзи 8-уми ноябр баргузор мегардад, пешниҳод шуданд.