Тибби хусусӣ аз тибби муосири расмӣ чӣ тафовут дорад?
Ҳамойиши вижа дар мавзӯи «Тибби хусусӣ дар Тоҷикистон» баргузор мегардад.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз вазорати тандурустӣ иттилоъ доданд,17-уми июни соли равон дар «Кохи Ваҳдат» конфронси илмӣ-амалӣ сурат пазируфта, зимни он иштироки масъулини соҳа ва табибони мардумӣ дар назар аст. Гуфта мешавад, пас аз анҷоми ҳамойиш барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ низ баргузор мегардад ва Нусратулло Салимов, вазири тандурустиву масъулини дигар ба ин ҳамойиш даъват шудаанд.
Махсуми Одина, табиби мардумӣ зимни тайиди ин хабар ба «Озодагон» гуфт, феълан тибби хусусӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор дорад. Баъзан бо воситаи тибби мардумӣ маризиҳое даво меёбанд, ки ҳатто тибби муосир ба он қодир нест, афзуд Махсуми Одина.