ВКД: Марги як нафар бар асари зарбаи корд
Саидакбар Ғаниеви 45-сола, сокини деҳаи Боботоғи ноҳияи Турсунзода дар пайи амалиёти кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳамчун гумонбар дар ҷиноят дастгир карда шуд.
Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, Саидакбар Ғаниев рӯзи 2 октябри соли равон дар маҳаллаи 5-уми ноҳияи мазкур дар ҳолати мадҳушӣ шаҳрванд Дилшод Давлатови 31-сола, сокини деҳаи Асбобро бо корди дар дасташ буда, ба қафаси синааш мезанад, ки дар натиҷа шаҳрванд Давлатов Дилшод ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ мебардорад.
Ҷабрдида аснои ба беморхона интиқол ёфтанаш ба ҳалокат мерасад.
Феълан, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.