Китоб- беҳтарин ҳадя
Вазорати фарҳанг ва иршоди исломии Эрон қасд дорад дар паи шиори рӯзи 24 обон (14 ноябр) таҳти унвони "Эҳдои китоб ба ононе,ки дӯсташон дорем", тарҳи эҳдои китоб ба мардумро иҷро кунад.
Тибқи иттилои расмӣ, дар ин рўз, ки дар Эрон рӯзи китобу китобхонӣ ва китобдор эълом шудааст, дар маконҳои сертараддуд-майдонҳо, бемористонҳо, донишгоҳҳо, мактабҳо, зиндонҳо ...бо ҳузури масъулон китоб ба унвони ҳадя ба мардум эҳдо шавад.
Ҳамчунин, қарор аст дар ин рӯз 3 ҳазор намоишгоҳ дар мадориси Эрон баргузор гардад.