Ҳалокати як нафар дар нақби «Шаҳристон»
Дар ин бора Мањмадшариф Шамсов масъули шўъбаи ташвиќоту тарѓиботи РБДА ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод.
Ба иттиллои манбаъ, рўзи 3-юми ноябр, тахминан соати 07:50, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Ваз 21099» Шомурод Собирови 25-сола, аснои ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба ҷониби шаҳри Ваҳдат дар километри 14-ум, дар ҳудуди рустои Мавлавӣ бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста пиёдагард, Ҳайдар Расулови 77-соларо пахш мекунад. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати сангини ҷисмонӣ бардошта дар маҳалли ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Сарчашмаи хабар афзуд, худи ҳамон шаб тахминан соати 02:00 сарнишини сабукрави тамғаи «Опел астра» Абдуҳафиз Абдураҳимови 34-сола, аснои ҳаракат дар роҳи Душанбе-Чанок, дар дохили нақби «Шаҳристон» аз ўҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба автомашгинаи боркаши тамғаи «СТАР», ки дар канори роҳ истода буд, бармехурад. Дар натиҷа ронандаи автомашинаи сабукрав ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта бистарӣ мегардад ва мусофири он- Қаҳрамон Орипови 21-сола аснои муоинаи табибон ба ҳалокат мерасад.