Омодагии футболбозони тоҷик дар шаҳри Теҳрон
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, ки бо тими миллии футболи Эрон бозии дӯстона анҷом медиҳад, феълан дар шаҳри Теҳрон омодагӣ мебинад.
Сабқати дӯстона миёни тимҳои мунтахаби миллии Эрон ва Тоҷикистон фардо, 6-уми ноябр дар варзишгоҳи «Озодӣ»-и Теҳрон соати 16-у 30 дақиқа ба вақти Эрон ва 16:00 ба вақти Душанбе баргузор мешавад. Никола Кавазович, сармураббии тими миллии Тоҷикистон ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар 24 футболбозро аз панҷ бошгоҳи лигаи олии кишваро даъват кардааст.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бо тими миллии Эрон нафарони зерин, аз қабили дарвозабонҳо -Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»), Фаррух Бердиев («Истаравшан»), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»), ҳимоятгарон-Соҳиб Саванқулов, Эраҷ Раҷабов, Маҳмадалӣ Содиқов, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Давронҷон Эргашев (ҳама аз «Истиқлол»), Алексей Неъматов, Далерҷон Тухтасунов (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»), Аҳтам Назаров («Энергетик»), Наим Улмасов («Вахш»),
нимҳимоятгарон- Фатҳулло Фатҳуллоев, Дилшод Восиев, Нуриддин Давронов, Умедҷон Шарифов, Иброҳим Рабимов (ҳама аз «Истиқлол»), Ҷамолиддин Зардиев («Вахш»), Хуршед Маҳмудов (капитани даста), Ҷамшед Исмоилов (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ») ва ҳамлагарон-Аҳтам Ҳамроқулов, Комил Саидов (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»), Юсуф Рабиев, Фарҳод Тоҳиров (ҳарду аз «Истиқлол») ширкат меварзанд.
Ёдовар мешавем, ин бозӣ барои дастаи мунтахаби Эрон як марҳилаи омодагӣ ба даври чоруми мусобиқаи интихобии қаҳрамони ҷаҳон-2014 маҳсуб мешавад. Дар назар аст, рӯзи 14-уми ноябр тими мунтахаби Эрон дар майдони худ бо тими миллии Ӯзбакистон вориди сабқат шавад.