Дар Кӯлоб мактабро ба номи афсари ҳалокшуда номгузорӣ карданд
Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 44-и ноҳияи Фархор ба хотири афсари ҷавону ғӯрамарг Акрам Сайвалиев номгузорӣ шуд.
Тавре Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯӣ хадамоти матбуоти Вазорати мудофиа ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, дар ин чорабинӣ масъулини мақомоти иҷроия, намояндагони Вазорати мудофиа, ҳамсафони марҳум ва наздикону пайвандони ӯ ширкат доштанд. Дар оғози ҷамъомад барои поси хотираи неки ӯ дақиқаи хомушӣ эълон карда шуд. Масъулин зимни суханронии хеш дар назди ҳозирин аз бурду бохт ва фаъолияти пурмаҳсули Акрам Сайвалиев ёдовар шуда, хизматҳои арзандаи ӯро намунаи олии ҷавонмардӣ, садоқатмандиву вафодорӣ ва ибратомӯзи наслҳои имрӯзаву оянда унвон намуднд.
Маврид ба ёдоварист, Акрам Сайвалиев соли 1991-ум ба Коллеҷи ҳарбии шаҳри Барнаули Русия дохил шуд. Пас аз он ки дар Тоҷикистон Коллеҷи Олии ҳарбӣ таъсис ёфт, мавсуф тариқи интиқол таҳсилашро дар кишвар идома дод. Ҳамин тариқ ӯ ба ҳайси устоди илми ҳарбӣ дар давоми фаъолияти қариб 20-солааш дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳ тамоми зинаҳои хизмати ҳарбиро паси сар карда, аз командири взвод то ба вазифаи муовини фармондеҳ расидааст.
-Марги нобаҳангому фоҷиабори ин афсари 36-сола нимаи дуюм рӯзи 19-уми сентябри соли 2010-ум ба вуқуъ пайваст. Акрам Сайвалиев ҳамроҳи 5 нафар афсар ва 19 сарбоз ҳангоми бозгашт аз машқгоҳи саҳроӣ ба маҳали хизмати доимӣ дар қисмати шарқии мамлакат (дараи Камарови ноҳияи Рашт) дар роҳ ба камини гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ афтода, дар натиҷаи муқовимат бо ҳамсафонаш ба ҳалокат мерасад»,-афзуд манбаъ.