Ҳоҷиёни Тоҷикистон аз Макка ба Мадина омаданд
Субҳи имрӯз гурӯҳи дуюми ҳоҷиёни Тоҷикистон, ки 800 нафарро ташкил медиҳанд, аз масҷиди набавӣ, ки маҳалли асосии ибодати ҳоҷиён маҳсуб мегардад, дидан карданд.
Тавре ба Озодагон аз Кумитаи дин хабар доданд, илова бар ин дар барномаи буду боши ҳоҷиён дар шаҳри Мадина зиёрати маконҳои муқаддас мисли Масҷиди Набавӣ -Ҳарам, Шуҳадои Уҳуд, масҷиди Қиблатайн ва Қубо ба нақша гирифта шудааст.
Манбаъ афзуд, ҳоҷиён дар меҳмонхонаҳои “Увайсис”, “Вафо”, “Ҷавҳарату Тоба”, “Ҳамудаи 1”, “Ҳамудаи 2”, “Ҳамудаи 3” ва “Донат”-и шаҳри Мадина, ки дорои шароитҳои хуб мебошанд, ҷойгир карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи аввалини зоирини тоҷик пас аз тавофи Каъба рӯзи 1-уми ноябр ба Душанбе амаданд. Бозгашти ҳоҷиён аз 1-уми ноябр оғоз гардида, то 18 -ноябр идома меёбад ва дар ин муддат аз Ҷидда ба Душанбе 29 парвоз анҷом дода мешавад. Аз рӯи нақша рейси аввал аз Ҷидда ба Душанбе рӯзи 1 ноябр соати 04.15 дар фурудгоҳи Душанбе фуруд хоҳад омад.