«Бадахшон» тими «Душанбе-2»-ро мағлуб кард. Навбат ба «Душанбе-1»?
Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар намуди варзиши тӯби дастӣ (ҳандбол) дар Кӯлоб идома дорад.
Тавре Саид Маҳмудов, муовини президенти Федератсияи ҳандболи кишвар ба Озодагон иттилоъ дод, ин мусобиқа барои боз ҳам рушд кардани ин намуди варзиш дар кишвар мусоидат хоҳад кард. Дар ин чорабинии варзишӣ 6 даста, як тим аз ВМКБ бо номи «Бадахшон», ду даста аз шаҳри Душанбе («Душанбе-1» ва «Душанбе-2») ва се даста аз вилояти Хатлон («Хатлон», «Кӯлоб» ва «Қӯрғонтеппа») иштирок доранд.
Гуфта мешавад, дирӯз дастаҳои Бадахшон ва Душанбе-2 миёни ҳам рақобат намуданд, ки ин бозӣ бо пирӯзии бадахшониҳо анҷом ёфт. Дастаи «Кӯлоб» аз «Душнбе-1» шикаст хӯрд, «Хатлон» бар тими «Душанбе-2» ғолиб омад. дастаҳои Ҳоло дастаҳои «Душанбе-1» ва «Бадахшон» миёни ҳам қувваозмоӣ доранд.