Душанбе ва Лаҳор имконияти тақвияти ҳамкориҳоро доранд
Дар шаҳри Лаҳор мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Покистон Зубайдулло Зубайдов бо губернатори вилояти Панҷоб Муҳаммад Латиф Хоса баргузор гардид.
Тавре Давлат Нарзиев, сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷӣ ба Озодагон иттилоъ дод, дар рафти сӯҳбат масъалаҳои инкишофи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон ва хусусан бо вилояти Панҷоб мавриди муҳокима қарор дода шуд. Сафир оид ба имкониятҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва захираҳои саноатӣ, энергетикию обӣ ва табии Тоҷикистон маълумоти муфассал дод.Таъкид карда шуд, ки ҷониби Покистон, аз ҷумла соҳибкорони вилояти Панҷоб метавонанд ҳамкориҳои худро бо Тоҷикистон дар самти сармоягузории соҳаҳои иқтисод, тиҷорат ва ташкили корхонаҳои муштарак вусъат диҳанд.
Зимнан, Муҳаммад Латиф Хоса ин пешниҳодро дастгирӣ намуда, иброз дошт, ки ҷониби Покистон густариши муносибатҳои дуҷонибаро бо Тоҷикистон муҳим меҳисобад.
Дар навбати худ дипломати тоҷик гуфт, шаҳрҳои Душанбе ва Лаҳор бародаршаҳр мебошанд ва ин имконият низ бояд барои тақвияти муносибатҳо дар тамоми заминаҳо истифода бурда шавад.