Дари бози «Газпромнефт-Тоҷикистон». Дар Душанбе
Имрӯз, 2-юми ноябр ширкати мазкур намояндагони ВАО ва соҳибкоронеро, ки аз онҳо маҳсулоти нафтиро харидорӣ менамоянд, бахшида ба «Рӯзи ҷаҳонии сифат» ҷамъ овард.
Зулфия Мулоянова, муовини роҳбари озмоишгоҳи санҷишии «Газпромнефт» аснои муаррифии маҳсулот ва сифати он гуфт, ки маводи сузишворӣ пеш аз фурӯш чанд ташхисро мегузарад: «Мо маводро пас аз ба кишвар ворид шудан дар муддати 24 соат аз ташхиси лабораторӣ мегузаронем. Бензин аз 9 ташхис, сӯзишвории дизелӣ бошад аз 12 санҷиш мегузарад, дар сурати ҷавоб надодани маҳсулот ба талабот мувофиқи ҳатто як ташхис, он пастсифат дониста мешавад ва мо метавонем норозигии худро ба корхонае, ки аз онҷо нафтро харидорӣ менамоем, иброз намоем. Дар сурати гузаштани махсулот аз хама ташхисҳо, маводи сузишворӣ шаҳодатномаи сифатро барои фурӯш мегирад».
Ҳамзамон, иштирокдорон аз нуқтаи маводи сӯзишвории №2-и ширкати мазкур, ки дар Лучоб ҷойгир аст ва озмоишгоҳи санҷишӣ дидан карданд. Зикр шуд, ки ширкати «Газпромнефт» барои ифтитоҳи лабораторияи худ беш аз 1 миллион доллари амрикоӣ сарф намудааст. Дар баробари дигар ташхисот, таҷҳизоти ин озмоишгоҳ навъи бензин ва мавҷудияти об дар таркиби онро муайян менамояд.
Маврид ба зикр аст, ки ширкати мазкур дар ҷумҳури 26 маркази фурӯши сӯзишворӣ дорад. Ба иттилои кормандони ширкат, то охири сол дар шаҳри Хуҷанд боз як озмоишгоҳи санҷишӣ кушода мешавад.