Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Конститутсия
Имрӯз,2-юми ноябр дар Маркази миллии қонунгузории назди президенти Тоҷикистон бахшида ба рӯзи қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.
Аз Маркази миллии қонунгузорӣ ба Озодагон иттилоъ доданд, ки зимни ин нишаст муҳокимаи мавзуҳои мухталиф, аз қабили ҳуқуқ ва озодиҳои иқтисодии инсон тибқи конститутсия, конститутсияи Тоҷикистон ва нақши он дар таҳкими ҳокимияти судӣ, асосҳои конститутсионии ҳуқуқ ва рақобат, кафолати конститутсионии фаъолияти соҳибкории хориҷӣ дар Тоҷикистон ва ғайра сурат гирифт.
Бояд зикр намуд, ҳамасола 6-уми ноябр ҳамчун Рӯзи қабули Конститутсияи Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Бо таваҷҷӯҳ ба ин силсилачорабиниҳои гуногун бо иштироки коршиносону ҳуқуқшиносон дар кишвар идома дорад.