Чанде қабл директори радиои Тоҷикистон ба вазифаи директори ТВ «Пойтахт» интихоб гардида, дар ин ҷо фаъолият дорад.
Аснои як мусоҳибае, ки хабаргузории Озодагон бо Абдуқодири Абдуқаҳҳор дошт, номбурда имкониятҳои ТВ «Пойтахт»-ро тавсиф карда, дурнамои кори баъдинаашро шарҳ дод. Ӯ мегӯяд, мо рақиби ҷиддии 4 шабакаи дигар мешавем, зеро аллакай давоми ду ҳафта беш аз 30%-и тамошочиёни ин 4 шабака - «Шабакаи якум», «Сафина», «Баҳористон» ва «Ҷаҳоннамо» ба телевизиони мо гузаштанд: «Мо чанд рӯз пеш мониторинг гузаронидем. Аз 100 нафаре, ки дар кӯчаи марказии пойтахт пурсидем, 30 нафараш гуфтанд, мо ба шабакаи «Пойтахт» гузаштем, акнун шабакаи мақбули мо «Пойтахт» аст».
Ҷаноби Абдуқаҳҳор мегӯяд, онҳо тасмим доранд, ки дар муддати наздик ба пахши моҳвораӣ гузаранд ва ин амал бо маблағҳои дохилии худи онҳо сурат мегирад.
-10 рӯз шуд, ки Муаттара Ҷӯраева, директори тиҷоратӣ аст. Бештар аз 160 ҳазор сомонӣ ба бахши тиҷоратии мо ворид шуд. Интизор меравад, ки то соли нав 250-300 ҳазор сомонӣ ба бахши тиҷоратии мо ворид гардад. Хуллас, барои ба моҳвора пайваст шудан маблағро худамон пайдо мекунем,- афзуд директори тозаинтихоби ТВ «Пойтахт»
Идомаи матлабро аз ин нишонӣ мутолиа карда метавонед: https://www.ozodagon.com/sr/item/16758