Болоравии нархи бодиринг. Зиёда аз 5 маротиба
Таи се моҳи соли равон нархи сабзавот дар бозорҳои пойтахт хеле зиёд шуда аст. Аз ҷумла, бодиринг зиёда аз 5 маротиба қимат шуда, айни ҳол ба ҳисоби миёна нархи як килои он 8 сомонӣ мебошад.
Ин дар ҳолест, ки мувофиқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, моҳи августи соли равон дар нуқтаҳои савдо як кило бодиринг бо нархи 1 сомонию 50 дирам фӯрухта мешуд. Ин нишондод дар қиёс ба соли гузашта зиёда аз ду маротиба қимат мебошад. 2 ноябри соли 2011 нархи як кило бодринг дар бозорҳои кишвар 3 сомонию 30 дирамро ташкил медод.
Инчунин, ба иттилои манбаъ, аз ҳама нархи гарон дар бозори «Деҳқон» мушоҳида карда шуд, ки дар он як кило бодиринг ба нархи 8 сомонию 30 дирам ба фурӯш гузошта шудааст. Ин нишондод дар нуқтаҳои сабзавотфурӯшии бозорҳои «Саховат» ва «Варзоб» ба 8 сомонӣ баробар мебошад.
Манбаъ афзуд, ки аз аз ҳама нархи арзони бодиринг дар бозори "Шоҳмансур" мушоҳида карда шуд, ки бо нархи 7 сомонию 50 дирам ба фӯруш гузошта шудааст.
Феълан дар бозорҳои кишвар нарҳи памидор 28%, биринҷ 30% ва гӯшти гову гӯсфанд 40% боло рафтааст.