Файзобод: Ду садамаи нақлиётӣ дар як шабонарӯз
Шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ ду сониҳаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд, ки бар асари он як нафар ҷони худро аз даст дод ва як тани дигар дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Маҳмадшариф Шамсов, масъули Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ ба Озодагон иттиллоъ дод, ки тахминан соати 19:00 дар ноҳияи Файзобод ронандаи в нақлиёти тамғаи «Опел астра» Маҳмадрасул Усмонов аснои ҳаракат аз самти шаҳри Роғун ба самти Ваҳдат дар километри 36-уми роҳи Ваҳдат-Рашт-Ҷиргатол бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавонист, ба самти мукобил баромада ба нақлиёти тамғаи «КАМАЗ-5511», ки таҳти идораи ронанда Суҳроб Ҳафизов буд, бар мехурад. Дар натиҷа ронандаи автомашинаи «Опел астра» ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат мерасад.
Манбаъ афзуд, худи хамон рӯз дар маркази ноҳия Файзобод низ як садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он як нафар дар беморхона бистарӣ гардидааст. «Ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Опел астра», ки таҳти идораи Абдували Тошев буд, аснои ҳаракат дар маркази ноҳия бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавонист ва пиёдагард Мунавара Мастоноваи 53 соларо пахш мекунад, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ гирифта феълан дар беморхона мебошад.