2 сол боз тарҳи қонун дар бораи муҳоҷират дар Тоҷикистон баррасӣ мешавад
Ин ниҳоди давлатӣ мегӯяд, бо мақсади танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа дар лоиҳаи қонун «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ» меъёре пешниҳод карда шавад, ки сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷа бояд дар асоси роҳхати Хадамоти муҳоҷират амалӣ карда шавад.
Тавре ба Озодагон аз Хадамоти мазкур иттилоъ доданд, 1-уми ноябр тарҳи қонун «Дар бораи муҳоҷиратӣ меҳнатӣ» бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи президент, вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ баррасӣ гардид. Сафиало Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷират зимни баромадаш дар ин нишаст дар бораи раванди муҳоҷират дар ҷаҳон, истифодаи таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи дунё дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, забономӯзию касбомӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ, зери назорати қатъӣ қарор гирифтани муҳоҷирон пеш аз сафар ба хориҷа, ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ, пешгирии ноболиғон ҳангоми сафар ба хориҷа, тақвияти омӯзишгоҳҳои касбӣ - техникӣ, дуруст ба роҳ мондани системаи забономӯзию касбомӯзӣ дар тамоми ҷумҳурӣ ва такмил додани қонуни мукаммал, ки фарогирандаи тамоми паҳлӯҳои муҳоҷирати меҳнатӣ бошад, таъкид намуд.
Ба гуфти ӯ, муҳоҷирати меҳнатӣ имрӯз дар ҷаҳон ҳамчун проблема не, балки як раванди оддӣ мебошад, ки аксари давлатҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст.Сафиалло Девонаев аз тамоми вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, ташкилотҳои давлатӣ ва ғайри давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, ВАО ва дигар коршиносону мутахассисони соҳа даъват ба амад овард, ки дар қабули қонун «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ» саҳмгузор ва ба таври ҷиддӣ муносибат намоянд.
Бояд гуфт, лоиҳаи қонуни «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ» 2 сол боз инҷониб дар ҳоли баррасӣ қарор дорад, ки ахиран ба дарозо кашидани баррасии ин лоиҳа боиси нигаронии бархе аз соҳибназарон гардид.
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшинос ва роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Перспектива плюс» дар сӯҳбат ба хабарнигори Озодагон аз ба таъхиргузории ин қонун изҳори нигаронӣ намуда, қайд кард, ки ҳар гуна қонуне, ки ҳаст агар мутахассисони хуб бошад, онро давоми 3-4 моҳ омода кардан мумкин. Ин ҳамсӯҳбатамон мегӯяд, азбаски ӯ дар баррасии лоиҳаи қонуни мазкур аъзои гурӯҳи корӣ нест, бино бар ин сабаби аслии то ин дараҷа ба дарозо кашидани қабули онро намедонад.
Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, хоҳиши онро дорад, ки лоиҳаи мазкур ҳар чӣ зудтар қабул гардад: «Вақте мо дар ҷаласаи Швейсария будем он ҷо низ ҳамин масъала бардошта шуд, он ҷо низ пурсон шуданд, ки чаро ин дер қабул шуда истодааст. Масалан, ҳар қонуне, ки ҳаст агар мутахассисони касбӣ бошад имкони зуд қабул кардани он вуҷуд дорад . Ҳоло он ки инҳо референдум накарданд, масалан аз мардум чизе напурсиданд, ки барои ҷамъ кардани он дер шавад. Фикр мекунам, хеле дер шуда истодааст ва хуб мешавад ҳар чӣ зудтар қонуни мазкур қабул гардад».
Бояд зикр намуд, тарҳи қонуни мазкур аз 9 боб ва 30 модда иборат буда, феълан миёни аъзоёни гуруҳи корӣ дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.