Тарозуҳои истеҳсоли чинӣ муштариёнро фиреб мекунанд
Дар шимоли Тоҷикистон тарозуҳои ғайристандартӣ мусодира гардиданд.
Тибқи иттилои масъулини агентии Тоҷиктсандартзимни гузаронидани як санҷиш дар бозори «Панҷшабе»-и шаҳри Хуҷанд, 50 адад тарозуҳои ғайристандартии истеҳсоли Хитойро аз муомилот гирифтанд. Бино ба қавли манбаъ, ҳақиқатан ин воситаи ченак ба талаботҳои муқараршуда ҷавобгӯ набуда, ҳангоми хариду фурӯш вазни маҳсулот аз 150 то 350 грамм фарқ мекунад. Вале мутаасифона, аксари харидорон аз ин амали номатлуби фурӯшандагон огоҳ нестанд.
Илҳомҷон Ҳакимов, сардори шӯъбаи метрологияи маркази Тоҷикстандарт ба «Озодагон» гуфт, тайи моҳи соли равон дар бозорҳои вилояти Суғд 21 ҳазору 307 адад воситаҳои ченак аз санҷиш гузаронида шуданд. Ба иттиллои ӯ, аз ин миқдор 642 адад тарозу, 1506 санги тарозу, 113 метри чӯбин аз назорати давлатӣ гузаронида шудаанд. Номбурда мегӯяд, бо вуҷуди он ки аз оғози соли ҷорӣ то имрӯз миқдори зиёди тарзуҳои ғайристандартии Хитой аз муомилот гирифта шуда бошанд ҳам, лекин аз рӯи меъёр тарозуҳои назоратӣ низ гузошта нашудаанд. Ғафурҷон Қодиров, мутахассиси шӯъбаи назорати давлатии воситаҳои ченаки ин агентӣ, дар робита ба ин мавзӯъ гуфт, истифодаи тарозуҳои чандирии истеҳсоли Хитой фақат барои рӯзгори хона муайяан шудаанд ва дар асоси қонун «Дар бораи таъмини ченаки ягона» ва «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмокунандагон» истифодаи он дар бозорҳо қатъиян манъ аст. Аз ҷониби дигар истеъмолкунандагон бояд ҳангоми харидорӣ намудани маҳсулот риояи қонунҳои мазкурро аз фурӯшандагон талаб намоянд ва ба истифодаи тарозуҳои ғайристандартӣ роҳ надода, ба ин васила ҳуқуқҳои худро ҳимоя кунанд. Дар ҳамин ҳол Сокина Ашурова, як сокини пойтахт гуфтаҳои масъулинро тақвият бахшида афзуд, ки « ҳисоб накардам, лекин чанд маротиба аз бозор картошка харида дар хона ба тарозуи худамон вазнашро мекашем, камӣ мекунад, тарозуҳои назоратӣ низ дар гӯшаи бозорҳо низ он қадар ба назар намерасад»
Мурод Ашӯров аз маркази матбуотии агентии мазкур ба мо иттилоъ дод, ки таъмини бозорҳо ба тарозуҳои стандартӣ вазифаи асосии роҳбарони бозорҳо мебошад. Ӯ мегӯяд асосан дар бозорҳо фурӯшандаҳо бояд аз тарозуҳои «паллагӣ» ва «электронӣ» истифода баранд. Номбурда афзуд, ба Тоҷикистон ғайр аз Хитой асосан аз Эрон ва Русия тарозу ворид мешавад. Тибқи иттилои ӯ, имсол аз ҷумҳурии исломии Эрон 1500 адад тарозуи «паллагӣ» вориди кишвар гардид. Ӯ мегӯяд, борҳо бо чунин қонуншиканиҳо масъулини бозорҳоро ҷарима бастаанд, вале то ҳол ин раванд, яъне истифода аз тарозуҳои чандирии хитоӣ аз ҷониби бархе фурӯшандаҳо идома дорад.
{jathumbnail off}