Арзиши як килло памидор дар бозорҳои пойтахти Тоҷикистон давоми як сол, яъне аз 1-уми ноябри соли 2011 то имрӯз беш аз бисту ҳашт дар сад афзоиш ёфтааст.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ доданд, айни ҳол ба ҳисоби миёна нархи як килло памидор дар бозорҳои Душанбе 4 сомонию 20 дирамро ташкил медиҳад, ки ин нишондод соли гузашта ба 3 сомонӣ баробар буд.
Манбаъ таъкид кард, ки аз ҳама памидори арзонро дар бозори «Саховат»- бо арзиши 4 сомонӣ харидан мумкин. Аммо арзиши аз ҳама гарон дар бозори «Шоҳмансур»-у «Деҳқон» мушоҳида карда шуд, ки ин ҷо як киллои ин навъи маҳсулот ба 4 сомонию 50 дирам ба фурӯш гузошта шудааст.