Болоравии нархи қувваи барқ барои ҳар як узви хонавода
Масъулини Агентии омор мегӯянд, тайи як соли охир дар кишвар болоравии арзиши пардохти қувваи барқ ба ҳар як узви хонавода дар як моҳ мушоҳида мешавад.
Тавре аз агентии омор ба Озодагон иттилоъ доданд, умуман пардохти қувваи барқ дар як моҳ, дар қиёс бо нархи соли гузашта 15 дарсад ба ҳар як узви хонавода афзоиш ёфтааст: «Агар барои қувваи барқ ҳар як узви хонавода дар як моҳ соли 2011-ум 4 сомонию 46 дирам пардохт мекард, дар ҳоли ҳозир бино ба омори расмӣ ба 5 сомонию 20 дирамро ташкил медиҳад».
Манбаъ афзуд, ин нишондиҳанда барои сокинони шаҳр соли гузашта ба 7 сомонию 84 дирам баробар буд, аммо он имсол ба 9 сомонию 96 дирам расидааст.Ҳамчунин, пардохти қувваи барқ барои сокинони деҳот дар соли гузашта ба 3 сомонию 22 дирам баробар буд, ки ин нишондод дар ҳоли ҳозир ба 3 сомонию 47 дирам расидааст.