Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи волейбол миёни сохторҳои вилоятии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷавонон ва маориф, ки ду рӯз қабл оғоз гардида буд, ҷамъбаст мегардад.
Мусобиқоти гуногуни варзишӣ дар ВМКБ бо ташаббуси кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар ва Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ВМКБ роҳандозӣ шудааст. Рӯзи 31 октябр сабқати варзишии гуштини миллӣ миёни хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии маркази ин вилоят ба анҷом расид.
Бино ба гуфтаи Алишер Ташрипов, сардори шӯъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентӣ, ҳадаф аз роҳандозии ин мусобиқот тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш мебошад.
Дар мусобиқаи волейбол, ки дар ВМКБ ҳаводорони зиёд дорад, алҳол 12 тим байни худ қувва меозмоянд.