«Life TV»-и Миср, сафири Тоҷикистон ва сиёсати «дарҳои кушода»
Дипломати тоҷик Нарзулло Назаров бо рӯзноманигори шабакаи телевизионии “Life TV” мусоҳиба анҷом дод.
Тавре ба хабаргузории Озодагон аз ВКХ-и кишвар иттилоъ доданд, ин барнома тариқи шабакаи номбурда пахш гардид.Тайи беш аз 45 дақиқаи барнома сафири Тоҷикистон дар ҷавоб ба суолҳои рӯзноманигори мисрӣ роҷеъ ба ҳолат ва дурнамои муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Миср, имкониятҳо ва шароити мувофиқи ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон иттилоъ дод.
Ҳамчунин, Назаров тамошобини мисриро ба таври муфассал бо сиёсати хориҷии “дарҳои кушода”, талошҳои ҳукумати Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафҳои стратегии рушди кишвар, ки ҳамзамон манфиати тамоми минтақаро таҷассум менамояд, ошно намуд.