Садама бойиси марги як нафар дар шимоли Тоҷикистон шуд
Зимни як садамаи нақлиётӣ дар шимоли Тоҷикистон писараки 6-сола ба ҳалокат расид.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии раёсати БДА, баъд аз зӯҳри дирӯз ронандаи автамашинаи тамғаи «Opel Аstra», мутаалиқ ба Фарҳод Маъмурови 40-сола, аснои ҳаракат дар роҳи мошингарди Истаравшан, дар ҳудуди деҳаи Калочии Араб аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада ба автамашинаи «Opel Аstra» таҳти идораи Қулиев Баҳодур бармехӯрад. Дар пайи ин сониҳа, мусофири ноболиғ Фаридун Маъмурови 6-сола ҷароҳати вазнин гирифта, пас аз интиқол ёфтанаш ба касалхона фавтидааст. Ҳамчунин, ду ноболиғи дигар низ захмӣ гашта, бистарӣ шудаанд.Тибқи иттилои БДА шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 4-садамаи нақлиётӣ ба вуқуъ пайвастааст, ки зимни ин ҳодисаҳо 1 нафар ба ҳалокат расида, 8 тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд