«Истиқлол»-и Душанбе бо «Регар-ТадАз» вориди сабқат мешаванд
Дастаи «Хайр»и Ваҳдат тими «Вахш»-и Қурғонтеппаро шикаст дода, дар ҷадвали мусобиқа як зина боло рафт.
Ин бозии мавқуфгузоштаи даври 17-уми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон буда, дирӯз дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор шуд, ки бо пирӯзии меҳмонон поён ёфт.
Мирзобек Мирзоев, ҳамлагари дастаи «Хайр» дар дақиқаи 35-ум ҳисобро боз намуда дар дақиқаи 82-юм голи дуюмро ба ҳадаф расонда, пирӯзии дастаашро таъмин намуд. Сиёвуш Асроров, бозингари дастаи «Вахш» дар дақиқаи 87-ум ба дарвозаи «Хайр» як гол зад.
Феълан дар ҷадвали мусобиқа дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода аз 20 бозӣ бо 51 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Тими «Равшан»-и Кӯлоб аз 20 бозӣ 50 имтиёз ба даст оварда мақоми дуюмро касб кардааст. Дастаи «Хайр»-и Ваҳдат бошад 20 бозӣ анҷом дода бо 45 имтиёз дар ҷои сеюм қарор дорад. «Истиқлол»-и Душанбе, ки ҳамагӣ 18 бозӣ анҷом додааст, бо 42 имтиёз дар зинаи 4-ум аст.
Як бозии мавқуфгузоштаи даври 17-уми мусобиқа, ки бозии ҳалкунандаи мусобиқа маҳсуб мешавад, имрӯз миёни дастаҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Истиқлол» дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 15:00.