«Ҳафтаи Аврупо» дар Душанбе
Дар толори Консерваторияи миллии ба номи Талабшоҳ Сатторови пойтахт маросими оғози «Ҳафтаи Аврупо» идома дорад.
Ин чорабинӣ бо баргузории консерти бастакорони Аврупо, аммо дар иҷрои ҳунармандони тоҷик сурат гирифт. Амалхонум Гаҷиева, раиси созмони фарҳангии «Бохтар» ҳадафи аслии «Ҳафтаи Аврупо» -ро ошноии бештари мардуми тоҷик ба фарҳанги Аврупо унвон кард ва гуфт, дар чорчӯби ин чорабинӣ, ки то таърихи 4-уми ноябр идома хоҳад кард, як силсила барномаҳои фарҳангӣ, тафреҳӣ ва маърифатӣ баргузор мешавад. Ба қавли ӯ, тайи панҷ рӯзи оянда дар «Хонаи синамо»-и Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон ҷашнвораи синамои Аврупо низ доир мешавад, ки ҳар рӯз филмҳои сохти кишварҳои аврупоӣ ба маърази тамошо гузошта мешавад.
Гуфтанист, «Ҳафтаи Аврупо» рӯзи 4 ноябр дар театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳӯтӣ бо консерти гурӯҳи ҳунармандони ҷавон аз шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат ба поён мерасад. .