Дарси синамо дар мактабҳои Эрон роҳандозӣ мешавад
Муҳаммадалии Кишоварз, ҳунарпешаи машҳури синамои Эрон бо таъкид бар нақши муассири ҳунари синамо дар омӯзиш ва рушди кӯдакону навҷавонон пешниҳод кард дар мактабҳои Эрон 1 соатро ба намоиши филм ихтисос диҳанд.
Номбурда зимни як сӯҳбат бо хабаргузориҳо гуфтааст, ки дар дараҷаи аввал ҳар филмсозе бояд аз фарҳангу ҳунари мамлакати худ шинохт дошта бошад ва ба дунболи он равоншиносии ҷомеаро бидонад. Ҳамчунин коргардон ва нависандае, ки мехоҳад мавзўъи кӯдак ва рушди ӯро мавзўъи аслии асари худ қарор диҳад, низ бояд равоншиносии кӯдак ва хонаводаро биёмӯзад. Ин ҳунарпеша муътақид аст, аз даврони кӯдакӣ метавон кӯдакро бо дастгоҳҳои дидорӣ ва ба вижа филм омӯзиши саҳеҳ ва бунёдӣ дод, ба шарти он ки дар сохти асар, тахассус ва ҳамчунин огоҳӣ аз ин даврони ҳассос ва хатарнок дар назар гирифта шавад. Ба гуфтаи Кишоварз мафҳумҳои волое ҳамчун инсоният, каромат, сулҳ, дӯстӣ, ахлоқи неку ва ҳатто пешгирӣ аз ноҳинҷориҳои ахлоқию рафторӣ ҳама аз тариқи синамо қобили интиқол ва омӯзиш аст.