7 миллион доллар. Барои таъмири роҳҳои Кӯлоб
Дар ҳамоҳангии вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва вазорати тиҷорати давлати мардумии Чин роҳҳои шаҳри Кӯлоб аз нав бунёд хоҳанд шуд.
Дар ин бора Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ, сухангӯи мири шаҳри Кӯлоб ба Озодагон иттилоъ дод. Ба қавли манбаъ, таъмиру тармим ва бунёди роҳҳои шаҳри Кӯлоб тибқи барномаи махсус сурат гирифта, барои анҷоми он 7 миллион доллари амрикоӣ ҷудо шудааст. Айни замон мутахасиссини Институти лоиҳакашӣ-таҳқиқотии роҳи сеюми оҳани ҷамъияти саҳомии «Групп»-и Чин дар Кӯлоб таҳқиқи роҳҳоро анҷом медиҳанд.
Зимнан, Озодӣ Ҳасанов, муовини раиси шаҳри Кӯлоб дар робита ба ин гуфт, дар маҷмӯъ бештар аз 40 км роҳҳои 22 кӯчаву маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб барои азнавсозӣ пешниҳод гаштаанд. Ҳамасола аз буҷаи маҳаллӣ барои таъмири ҷорӣ ва пурраи роҳҳои нақлётгарди шаҳри Кӯлоб маблағ ҷудо мешавад, аммо барои таъмири пурра ва азнавсозии роҳҳо ин маблағ басанда нест.
Бояд гуфт, дар қаламрави шаҳри Кӯлоб 51 км роҳҳои мошингард мавҷуд аст, ки бештари он ба таъмир ниёз доранд. Қарор аст, барои корҳои лоиҳакашӣ мутахасисини чинӣ ҷалб шаванд, аммо барои анҷоми корҳои сохтмонӣ қувваи кории маҳаллӣ истифода хоҳад шуд.