Убайдуллоев: Барои бартараф кардани нуқсонҳо ҳанӯз ҳам имконият ҳаст
Таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев, райиси шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ бо иштироки роҳбарони комиссияҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, сохторҳои марбутаи шаҳрию институтҳои шаҳрвандӣ ва раисони шӯрои шаҳраку маҳаллаҳо ҷаласа баргузор шуд.
Тавре Шафқат Сайидов, сухангӯи мири пойтахт ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, Убайдуллоев аз ҳолати омодагиҳо ва ҷараёни татбиқи нақша «Оид ба натиҷаи фаъолияти сохторҳои муҳандисии ҳаётан муҳими шаҳри Душанбе дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012» ва вазифаҳои ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, сохторҳои марбутаю аҳли ҷамоатчигии шаҳр доир ба омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2012-2013», инчунин натиҷаи санҷиши анҷомгирифтаро дар таносуби сохторҳои масъул ва ҳар кадом субъектҳои хизматрасони шаҳриву ноҳиявӣ ба риштаи таҳлил кашид.
Райиси шаҳри Душанбе гуфт, ҳоло ҳам то фарорасии фасли сармо имконият ҷой дорад, ки нуқсонҳои мавҷуда комилан бартараф ва сифати корҳои омодагириҳо таври хоста таъмин карда шаванд. Бо ин мақсад бо таъкиди ҳар кадоме, ба кулли роҳбарони сохторҳо барои андешидани тадбирҳои иловагӣ то 15 ноябри соли 2012 мӯҳлат муқаррар намуд. Ҳамзамон зикр сохт, ки бо инобат ва хулоса аз мавсими зимистонгузаронии соли гузашта бояд ҳар сокини шаҳр ва роҳбари субъекти хоҷагидорӣ бештар дар ин маърака ҳиссагузор ва фаъолтар бошанд.
Инчунин, масъалаи баланд бардоштани сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, таъминоти муштариён бо оби нӯшокӣ, дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани роҳхою пиёдагардҳо, ҳолати санитариву экологии шаҳр, риояи Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби сокинон мавриди баррасӣ қарор гирифт.