Баъд аз ду рӯз бозгашти ҳоҷиён ба Тоҷикистон шурӯъ мешавад
Гурӯҳи аввалини зоирини тоҷик пас аз тавофи Каъба рӯзи 1-уми ноябр ба Душанбе бармегарданд.
Маҳмадюсуф Шодиев, масъули хадамоти матбуотии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба Озодагон хабар дод, интиқоли ҳоҷиён аз Ҷидда ба Душанбе тариқи ҳавопаймоҳои ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ - «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» сурат мегирад.
Манбаъ афзуд, масъулин вазифадор шудаанд, ки маъракаи бозгашти ҳоҷиёнро бо омодагии пурра гузаронанд. Бозгашти ҳоҷиён аз 1-уми ноябр оғоз гардида, то 18 -ноябр идома меёбад ва дар ин муддат аз Ҷидда ба Душанбе 29 парвоз анҷом дода мешавад. Аз рӯи нақша рейси аввал аз Ҷидда ба Душанбе рӯзи 1 ноябр соати 04.15 дар фурудгоҳи Душанбе фуруд хоҳад омад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 29-уми сентябр сафари зоирини тоҷик барои тавофи Каъба оғоз гардида буд. Ин маросим то 19-уми октябр идома карда,
тибқи нақша, танҳо барои гусели зоирин аз фурудгоҳи Душанбе ба Ҷидда 24 парвоз амалӣ гардида, зиёда аз 4 500 зиёраткунанда интиқол дода шуданд.