Изҳори нигаронии сафорати Британияи Кабир аз боздошти журналист
Сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон аз тақдири хабарнигори боздоштшудаи BBC изҳори нигаронӣ менамояд.
Дар изҳороте, ки сафорати мазкур чанд лаҳза қабл пахш кард, аз ҷумла гуфта мешавад, мо аз хабари боздошт ва гирифтори муомилаи дурушт гаштани Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори BBC дар шаҳри Хуҷанд, шимоли Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти амниятии кишвар рӯзи 14 июн бо ҷурми аъзогӣ ба созмони Ҳизбут-таҳрир изҳори нигаронӣ менамоем. Мо аз мақомоти расмии Тоҷикистон даъват намудем, ки ҳар чӣ тезтар ба ин масъала рушанӣ андозанд. Дар номаи сафорат ҳамчунин омадааст, Британияи Кабир дар ҳамроҳӣ бо шарикони хеш аз Иттиҳоди Аврупо ба ҳукумати Тоҷикистон муҳимияти озодии васоити ахбори умумро дар Тоҷикистон таъид менамоянд. Мо кӯшишҳои ҳукумати Тоҷикистонро дар самти таъмини амният ва субот дар кишвар эътироф ва дастгирӣ менамоем, вале боисрор таъкид мекунем, ки ҳукумати Тоҷикистон фаъолияти хешро дар ин самт бояд дар асоси ӯҳдадориҳои байналмилалии хеш ба роҳ андозад. Ёдрас менамоем, бино ба хабари дафтари матбуотии ВКД рӯзи 14- уми июни соли равон, кормандони милиса хабарнигори радиои «Би Би Си» (BBC) дар вилояти Суғд Усмонов Ӯрунбойи 60-соларо бо ҷурми узвият дар ҳизби фаъолияташ табушудаи “Ҳизб-ут-таҳрир” боздошт карданд. Гуфта мешавад, мавсуф аз соли 2009 ихтиёран ба аъзогии ин ҳизби ғайриқонунӣ шомил гашта, ба ташвиқоту тарғиботи ифротгаронаи ин ҳизб дар шабакаҳои интернет машғул будааст. Усмонов ба ҷуз ин дар шимоли мамлакат китобу маҷалла ва варақаҳои мазмуни ифротгаронадоштаи ин ҳизбро паҳн намуда, бо ҳамин роҳ сокинони вилоятро ба узвияти ин ҳизб даъват менамудааст.