Боз шаш таваққуфгоҳи нав дар фурудгоҳи Душанбе
Ахиран, як таваққуфгоҳ барои ҳавопаймоҳои бузург, ду таваққуфгоҳ барои тайёраҳои хурду миёна ва сетои дигар барои чархболҳо ба истифода дода шуд.
Тавре ба Озодагон Муҳамадюсуф Шодиев, котиби матбуотии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе иттилоъ дод, ин таваққуфгоҳҳоро мутахассисони низомии фаронсавӣ, ки мутобиқи шартномаи байниҳукуматӣ дар фурудгоҳи Душанбе мустақаранд, дар доираи барномаи барои соли 2012 пешбинишуда бунёд намуданд.
Манбаъ афзeд, сифати корҳои анҷомёфтаро муҳандиси пешбари хадамоти аэродром Абдухолиқ Абдухолиқов баҳои мусбат дода гуфт, таваққуфгоҳҳоро аз рӯи технологияи навтарин сохтаанд. Атташеи ҳарбии сафорати Фаронса дар Тоҷикистон, полковник Пиронӣ бошад иброз дошт, ки таваққуфгоҳҳо бо назардошти иқлими минтақа бунёд карда шуда, ба ғайр аз таҳкурсӣ ва қабати асосии мумфарш боз бо ду қабат муми зиддикеросинӣ пӯшонида шудаанд.
Дар ҳамин маврид, Татяна Пегушина, сардори хадамоти аэродромӣ афзудааст, ки бо назардошти он, ки адади парвозҳо аз фурудгоҳи Душанбе ҳамарӯза зиёд мешаванд, сохтани таваққуфгоҳҳо имкон медиҳад, ки фурудгоҳи Душанбе дар як вақт ҳавопаймоҳои гуногунтамға ва чархболҳоро қабул, хизматрасонӣ ва гусел намояд.
Ёдовар мешавем, ки тайи солҳои буду боши худ мутахассисони ҳарбии фаронсавӣ дар таъмир ва таҷдиди хати нишасту парвоз ҳиссагузор буда, дар бунёди роҳравҳои зимомӣ, таваққуфгоҳҳои миёна ва калонҳаҷм саҳми арзанда доранд.