Пирӯзии варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти Ӯзбакистон
Дар шаҳри Самарқанди кишвари ҳамсоя мусобиқаи байналмилалӣ оид ба қаиқронӣ доир гардид, ки 26-кишвари олам варзишгаронашонро ба мусобиқоти мазкур сафарбар намуданд.
Дар ин бора ба Озодагон Муродалӣ Тешаев, котиби матбуотии Кумитаи миллии олимпӣ иттилоъ дод. Ба иттилои манбаъ, ҳайати тими мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистонро 15-нафар аз ҷумла 13-варзишгар ва 2-мураббӣ ташкил медод. Баъди қувваозмоиҳои чандрӯза варзишгарони тоҷик соҳиби 2 медали нуқра ва 3 биринҷӣ гардиданд.Шаҳриёр Даминов ва Сергей Виталик барандагони медали нуқра ва 3 варзишгари дигар Баёнзодаи Манучеҳр, Руслан Салимов ва бону Мария Дадабоева бошанд, медали биринҷии мусобиқаро соҳиб шуданд.