Тими мунтахаби футболи кишвар бо яккачини Эрон вомехӯрад
Бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Эрону Тоҷикистон рӯзи 6-уми ноябр дар варзишгоҳи «Озодӣ»-и шаҳри Теҳрон баргузор мешавад.
Мунтахаби Тоҷикистон рӯзҳои 1-ум ва 2-юми ноябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе тамрин мекунад ва рӯзи 3-юми ноябр ба Теҳрон сафар хоҳанд кард.
Торнамои расмии ФФТ навиштааст, ки Никола Кавазович, сармураббии нави дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, ҳайати дастаро, ки барои бозии дӯстона бо тими миллии Эрон омодагӣ мебинад чунин эълон кардааст: Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»), Фаррух Бердиев («Истаравшан»), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»)-дарвозабонҳо.
Ҳимоятгарон: Соҳиб Саванқулов, Эраҷ Раҷабов, Маҳмадалӣ Содиқов, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Давронҷон Эргашев (ҳама аз «Истиқлол»), Алексей Неъматов, Далер Тухтасунов (ҳар
ду аз «Регар-ТадАЗ»), Аҳтам Назаров («Энергетик»), Наим Улмасов («Вахш»);
Нимҳимоятгарон: Фатҳулло Фатҳуллоев, Дилшод Восиев, Нуриддин Давронов, Умедҷон Шарифов, Иброҳим Рабимов (ҳама аз «Истиқлол»), Ҷамолиддин Зардиев («Вахш»), Хуршед Маҳмудов (капитани даста), Ҷамшед Исмоилов (ҳар ду аз «Регар-ТадАЗ»);
Ҳамлагарон: Аҳтам Ҳамроқулов, Комил Саидов (ҳар ду аз «Регар-ТадАЗ»), Юсуф Рабиев, Фарҳод Тоҳиров (ҳар ду аз «Истиқлол»).