«Равшан»-и Кӯлоб муҷозот шуд
Майдони футболи дастаи «Равшан» - варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб аз баргузории панҷ бозии чемпионат маҳрум гашт.
Бино ба қавли Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҷаласаи имрӯзаи кумитаи назорату ахлоқи Федератсия, ҳодисаи пас аз бозии футбол миёни дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва «Истиқлол»-и Душанбе рухдода мавриди муҳокима қарор гирифт ва гунаҳкорон бар асоси дастури баргузории бозиҳои мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон муҷозот шуданд. Ҳамин тавр бар асоси ин, варзишгарони тими «Равшан» наметавонанд панҷ бозии баъдии хонагиро дар майдонашон баргузор кунанд, ҳамзамон ин даста ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ ҷарима андохта шуд. Гуфта мешавад, панҷ бозиро тими «Равшан» дар масофаи 100 км дуртар аз майдони худ баргузор хоҳад кард.
Ёдрас менамоем, шоми дирӯз дар майдони марказии варзишии шаҳри Кӯлоб вохӯрии тимҳои лигаи олии футболи Тоҷикистон миёни «Равшан» ва «Истиқлол» сурат пазируфта, бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби 0:1 анҷом ёфт. Мухлисони «Равшан» аз натиҷаи бозӣ нороҳат шуда, ба сӯи бозигарон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сангу кулӯх ва буталҳои холӣ партоб карданд. Дар натиҷаи бархӯрди мақомот бо мухлисон чандин кас ҷароҳат бардошта, ба беморхона интиқол ёфтанд.