Як қадами дигар барои пайвастани Тоҷикистон ба СҶТ
Гурӯҳи кори оид ба пайвастшавии Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ин созмон дар Женева бастаи ҳуҷҷатҳоро оиди воридшавии кишвар ба созмони номбурда қабул намуд.
ИТАР-ТАСС, хабаргузории Русия менависад, ба бастаи мазкур ҳисоботи гурӯҳи корӣ бо маҷмӯи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ҷониби Тоҷикистон, ки кишвар дар натиҷаи гуфтугӯҳо қабул намудааст, рӯйхати ӯҳдадориҳо оид ба гузаштҳои тарофавӣ дар соҳаи мубодилаи молу коло ва сатҳи дастгирии хоҷагии қишлоқ, протокол оиди пайвастшавӣ, созишномаҳои ба тавсибрасидаи заминасоз барои хуҷҷатҳои дигар дохил мешаванд.
Тоҷикистон даъватномаи расмиро оид ба пайвастшавӣ ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат дар ҷаласаи ояндаи созмони мазкур дар моҳи декабр мегирад. Пас аз ин, парлумони кишвар бояд бастаи ҳуҷҷатҳоро қабул намояд.
Дар назар аст, барои қабул ва тавсиби ин ҳуҷҷатҳо Тоҷикистон ҳудуди шаш моҳ мӯҳлат хоҳад дошт. Аз ин мебарояд, ки Тоҷикистон дар миёнаи соли оянда, пас аз 12 соли гуфтугузорҳо, ба созмони мазкур, ки то ҳол 157 кишварро муттаҳид карда аст, ворид мешавад.