Қонуни масъулияти волидайн дар тарбияи фарзанд қабул гардид
Ахиран, дар Тоҷикистон лоиҳаи қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз сӯи вакилони парлумон қабул гардид.
Тибқи иттилои расида, қабл аз зӯҳри имрӯз Маҷлиси Намояндагон пас аз муҳокимаи тӯлонӣ санади мазкурро ба тасвиб расонида, ҳамакнун баъд аз интишор дар матбуот он ҳукми қонунро хоҳад гирифт. Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маориф дар назди вакилон доир ба аҳамияти қонуни мазкур дар таълиму тарбияи насли наврас ва масъулияти волидайн суханронӣ карда гуфт, лоиҳаи қонун аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои кишвар таҳия гардида, тайи ду моҳ дар муҳокимаи шаҳрвандон қарор дошт. Раҳмонов ҳамчунин афзуд, ҷиҳати мукаммал баррасӣ намудани лоиҳаи қонуни мазкур гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда буд. Гурӯҳи корӣ 15 ҷаласа баргузор намуда, 11 ҳазор андешаҳои шаҳрвандонро баррасӣ намуд ва беш аз 4 ҳазор пешниҳодҳо ба лоиҳаи қонун ба инобат гирифта шуд. Дар маҷмӯъ, дар муҳокимаи лоиҳаи қонуни мазкур беш аз 2 миллион нафар аҳолии кишвар иштирок намудаанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз 6 боб ва 17 модда иборат буда, бо қабули он аз сӯи парлумони кишвар масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзандон бештар мегардад. Дар ҳамин ҳол, мақомот ва коршиносони наздик ба давлат низ қабули ин қонунро барои парвариш ва такомули як инсони дорои заковат ва донишҳои олӣ басо муҳим хонда ва онро як тарҳи сирф тоҷикӣ дар арсаи қонунгузорӣ баҳогузорӣ мекунанд. Аммо як бахше аз ҷомеа ба ин тарҳ мухолифат карда, аз тазоди чанд нуктаи он ба Қонуни асосии Тоҷикистон ва эҷоди маҳдудиятҳои эҳтимолӣ барои наврасону ҷавонон интиқоди шадид кардаанд. Бахусус, ин афрод ба нақз шудани таълими динии кӯдакону наврасон дар лоиҳаи ин қонун ишора мекунанд. Бояд гуфт, тарҳи қонуни мазкур ҳанӯз дар моҳи декабри соли гузашта таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод шуда буд.