Амрико бидуни миёнрав бо Эрон гуфтушунид мекунад?
Иёлоти муттаҳидаи Амрико омодааст имкони гуфтушуниди бидуни миёнарав бо Эронро баррасӣ намояд, аммо то ҳол ҳеҷгуна созишнома дар ин хусус вуҷуд надорад.
Дар ин хусус хабаргузории ИТАР ТАСС бо истинод аз Ҷей Карни, котиби матбуотии Қасри сафед, ки бори дигар хабари "Ню-Ёрк таймс"-ро рад намуд, хабар медиҳад.
Рӯзномаи "Ню-Ёрк таймс" хабар додааст, ки Вашингтон ва Теҳрон дар хусуси гуфтушуниди дуҷониба дар бораи барномаи ҳастаии Эрон ба созиш омадаанд. Гуфта шудааст, ки дастгоҳи Обама барои ин гуфтушунид заминаи лозимаро фароҳам оварда аст.
Дар рӯзномаи мазкур дарҷ гаштааст, ки ин гуфтушунид метавонад қадами охирин барои дурӣ аз зарбаи ҳарбии имконпазир ба Эрон бошад.
Вале ба қавли Ҷей Карни то ҳол дастгоҳи Қасри сафед чизе дар ин хусус ба нақша нагирифтааст ва ҳеҷ гуна созишнома дар ин хусус бо Эрон вуҷуд надорад.
Барак Обама, президенти Иёлоти Муттаҳиди Амрико низ зимни як сӯҳбаташ қайд намудааст, ки маълумоти дар ин рӯзнома чопшуда ҳақиқат надорад.