Ҷиноятҳои коррупсионӣ дар Суғд фош шуданд
Аз аввали соли равон то имрӯз дар вилояти Суғд 342 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодӣ фош шудааст.
Ҳусейн Оқилов, сардори идораи оҷонсии назорати амволи давлатӣ иттилоъ дод, ки зарари аз ҷиноятҳои иқтисодии фошшуда бештар аз 44 миллион сомониро ташкил додааст.
Бино ба иттилои манбаъ, роҷеъ ба ин воқеаҳо парвандаи ҷиноӣ бо моддаҳои азхудкунӣ, тақаллуб, ришваи тиҷорӣ, ситонидани поддош бо роҳи маҷбурӣ ва ғайра боз шудааст