Боз як ноболиғ зери чархи мошин монд
Дар шимоли кишвар бар асари садамаи нақлиётӣ ноболиғ фавтид.
Тавре ба хабарнигори Озодагон дар РВКД-и вилояти Суғд иттилоъ доданд, дирӯз ронандаи автомашинаи тамғаи «Портер» Акмал Латипови 41 сола, сокини шаҳри Истаравшан ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи 8-уми март, ҳангоми ба қафо ҳаракат намудан, бехатарии ҳаракатро риоя накарда, Нурмуҳаммад Норқузиеви 3 соларо пахш мекунад.
Дар натиҷа, Нурмуҳаммад дар беморхонаи марказии Истарвшан ба ҳалокат расидааст.