«Дар ҷустуҷӯи Дӯст» ба нашр расид
«Дар ҷустуҷӯи Дӯст». Унвони китоби тозанашрест, ки ба журналисти соҳибном ва собиқадор Дорои Дӯст бахшида шудааст.
«Дорои Дӯст аз кормандони вижаи матбуоти Тоҷикистон аз солҳои ҳафтодум то ба ҳол ба шумор омада, умре дар нашрияи «Омӯзгор» фаъолият дорад… Дорои Дӯст ба унвони генератори идеяҳо дар ин нашрия арзи ҳастӣ карда, аксари мақолоти миллӣ ё бо ташвиқи ӯ таълиф шуда ва ё бо ёрии ӯ ба табъ расидаанд…». Ин нукта дар оғози китоби «Дар ҷустуҷӯи Дӯст» омада, ки ба қалами Фотеҳи Абдуллоҳ таалуқ дорад.
Дорои Дӯст соли 1940 дар рустои Сарчашмаи ноҳияи Шаҳрисабз таваллуд шуда, соли 1957 мактаби миёнаи ба номи Карл Маркси №21 (ҳоло мактаби миёнаи №57 ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ)-ро хатм кардааст. Фориғутаҳсили факултаи таъриху филологияи Институти давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ). Аз моҳи сентябри соли 1965 корманди нашрияи «Омӯзгор» мебошад.
Китоби «Дар ҷустуҷӯи Дӯст» андешаҳои чеҳраҳои шинохтаи адабиёти тоҷик дар бораи Дорои Дӯстро гирди ҳам оварда, аммо қисмати аслии он аз гуфтугӯҳои журналист бо файласуфи маъруф Акбари Турсонро дар бар мегирад.
Китобро нашриёти «Адиб» бо теъдоди 200 нусха чоп кардааст.