Беш аз 85 ҳазор доллар дар ҳукумати ноҳияи Айнӣ куҷо шуд?
Бадалбой Шералиев, сокини ноҳияи Айнии вилояти Суғд мегӯяд, барои обтаъминкунии заминҳои кишти маҳаллашон аз ҷониби як ширкати Ҷопон беш аз 85 ҳазор доллар ҷудо шуд, вале масъулини ҳукумати ноҳия бо истифодаи ин миқдор маблағ ҳанӯз мушкили беобиро бартараф накардаанд.
Номбурда дар сӯҳбат ба хабаргузории Озодагон иброз дошт, ки бо истифодаи ин миқдор маблағ бояд масъулин дастгоҳи обкашониро таъмир мекарданд. Тавассути ин дастгоҳ аз сойи Вашан ба хоҷагии деҳқонии Урметан ва Лангар об гузаронида мешуд, аммо бо гузашти чанд сол ин кор амалӣ нагашт: «Насоси обтаъминкунӣ баъди солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз кор монд ва то ҳол дубора барқарор нашудааст. Соли 2008-ум мо барои таъмири он назди Шодиқул Бобоҷонов, собиқ ҳокими ноҳияи Айнӣ рафтем.
Расиси ҷамоати маҳалла низ бо мо буд. Он ҷо риси ноҳия ҳуҷҷатеро ба мо нишон дод, ки як ширкати Япония воқеан 85,6 ҳазор доллар барои таъмири насоси хоҷагии деҳқонии Лангар ва Урметан маблағ ҷудо кардааст. Мо хурсанд шудем. Раис гуфт, пул омадагист рӯзҳои наздик насосро таъмир мекунем, вале то ҳол ин кор амалӣ нашудааст».
Ба қавли ҳамсӯҳбати мо бо гузашти як сол раисро аз вазифа гирфтанду дар курсии муовини раиси ноҳия нишондандаш, вале тақдири беш аз 85 ҳазор доллар ва таъмири насос норӯшан монд: «Баъди раисро аз вазифа гирифтан як рӯз моро даъват карданд, ки насосро таъмир кардаанд, вақте рафта дидем насос ва 4 агрегати наздашро ранг кардаанду тамом. Аз таъмир осоре нест. Он рӯз он ҷо намояндагони ҳукумати ноҳия ва намояндаҳои фирмаи Япония, ки мабалағгузорӣ карда буданд, ҳузур доштанд.
Гузашта аз ин деҳқонҳо, соҳибони замин он ҷо ҷамъ шуда буданд, ки дарди дилашонро гӯянд, вале онҳоро сухан кардан намонданд. Вақте ман ҳақиқатро гуфтам собиқ раиси ноҳия қариб, ки маро мезад. Бовар кунед, вақте намояндагони Ҷопон ҳақиқатро фаҳмиданд, асабонӣ шуда, ҳамон ҷоро тарк карданд».