Боздошти як журналист дар шимоли Тоҷикистон
Боз як узви ҳизби фаъолияташ мамнуъшуда боздошт гардид.
Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати корҳои дохила зимни ташреҳи ин хабар ба «Озодагон» гуфт, рӯзи 14- уми июни соли ҷорӣ, тахминан соати 14.00 дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милиса аъзои ҳизби ғайриқонунии «Ҳизб-ут-таҳрир», хабарнигори радиои «Би Би Си» (BBC) дар вилояти Суғд Усмонов Ӯрунбойи 60-соларо боздошт карданд. Мавсуф сокини ҷамоати Исфисор, кӯчаи Санъат, хонаи 17 буда, аз соли 2009 ихтиёран ба аъзогии ҳизби ғайриқонунии «Ҳизб-ут-таҳрир» шомил шуда, ба ташвиқоту тарғиботи ифротгаронаи ин ҳизб дар шабакаҳои интернет машғул будааст. Усмонов ба ҷуз ин дар шимоли мамлакат китобу маҷалла ва варақаҳои мазмуни ифротгаронадоштаи ин ҳизбро паҳн намуда, бо ҳамин роҳ сокинони вилоятро ба узвияти ин ҳизб даъват менамудааст.