Арзиши бодиринг ҳам дар Тоҷикистон афзоиш ёфт
Давоми як соли охир арзиши маҳсулоти сабзавот, аз ҷумла бодиринг дар бозорҳои пойтахт 35 дарсад боло рафтааст.
Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, айни ҳол дар бозорҳои пойтахт ба ҳисоби миёна нархи як килло бодиринг 3 сомонию 75 дирамро ташкил медиҳад.
Ин дар ҳолест, ки моҳи октябри соли гузашта як килло бодиринг дар бозорҳои Душанбе 2 сомонию 50 дирам фурӯхта мешуд.
Манбаъ илова намуд, ки аз ҳама нархи арзони бодиринг дар бозори «Шохмансур» мушоҳида шуд, ки нархи як киллои он 3 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст: « Ин нишондод дар нуқтаҳои сабзавотфурӯшии бозорҳои «Варзоб» 3 сомонию 50 дирам, бозори «Деҳқон» ба 4 сомонӣ баробар мебошад».
Гуфта мешавад, аз ҳама нархи гарон дар бозори «Саховат» мушоҳида карда шуд, ки як килло бодиринг 4 сомонию 50 дирамро ташкил медод.