Нархи нон дар Тоҷикистон 28 фоиз боло рафт
Масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯянд, тайи як соли охир дар бозорҳои кишвар болоравии арзиши нон мушоҳида мешавад.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ доданд, айни замон як дона нон дар дӯконҳои нонфӯруши бозороҳо 2 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.
Манбаъ мегӯяд, ин болоравӣ дар натиҷаи афзоиш ёфтани нархи гандум ва орд дар бозорҳои Тоҷикистон ба вуҷуд омадааст: «Арзиши як нон дар бозорҳои кишвар дар ҳамин давраи соли гузашта, яъне 22-уми октябр 1 сомонию 45 дирам хариду фурӯш мешуд».
Феълан дар дӯконҳои нонфурӯшии бозорҳои «Деҳқон», «Саховат», «Шоҳмансур» ва «Варзоб» як нон 2 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст. Бино ба иттилои манбаъ, болоравии нархи нон давоми як сол 28%-ро ташкил додааст.