Кашфи 2 кило ҳашиш дар Ҳамадонӣ
Як сокини ноҳияи Ҳамадонӣ бо ҷурми нашъаҷаллобӣ боздошт гардидааст. Тибқи иттилои ВКД, аснои баргузории амалиёти вижаи кормандони милиса дар ҳудуди деҳаи Комсомоли ҷамоати Оқмазори ин ноҳия Акрам Акрамови 52-сола дастгир гардид.Ҳангоми тафтиши борхалтаи шахсии ӯ, 1 килову 942 грамм маводи мухаддири навъи «ҳашиш» кашфу мусодира шуд.Алъон тафтишот муайян мекунад, ки Акрамов маводи нашъадорро ба куҷо ва барои кӣ интиқол доданӣ буд.