Директори генералии «Ориён-Котон» пушти панҷара рафт
Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳақсифат Абдулмуҳаммад Аббоси 62 соларо бо ҷурми қаллобӣ дастгир кардаанд.
Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, номбурда, ки муваққатан сокини кӯчаи Камарови пойтахт аст, вазифаи директори генералии ҶДММ «Ориён-Котон»-ро бар зима дорад: «Боздоштшуда аз 1-уми июни соли 2010 то 7-уми октябри соли 2011 аз муассисаҳои ҷамъиятӣ барои харидорӣ намудани пахта ба маблағи 3017196 сомонӣ ҷамъ намуда, корро иҷро накарда, маблағи ба даст овардаро азони худ намудааст. Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад».