Ёддоште аз ёдбудҳои равоншод Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ
БОдурудба ҳамаи азизоне, ки фарозу фуруди забону адаб ва фарҳанги мо барояшон бетафовут нест! Устод Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, ки беш аз шаступанҷ соли умри пурбаракати хешро барои рушду тавсиъаи улуми инсонӣ ва омӯзиш дар меҳани азизи мо сарф кардаанд ва солҳои зиёде барои худшиносии миллии мо талош варзида ва то охирин лаҳазоти зиндагии заминии хеш дар ин росто ҷоннисорӣ кардаанд, инак дар миёни мо нестанд… Ин набуданро ҷомиъаи фарҳангии мо солҳо эҳсос хоҳад кард ва даре?о, ки адами вуҷуди ҳузурии ин бузургмарди илму адаби мо ҷуброннопазир аст… То чӣ андоза мо ба қадри чунин фарзонаи бузурги миллӣ расидем, шахсияти бемислашро шинохтем, дардҳояшро мушахас кардем ва ба дармонаш кӯшидем?! Ин пурсишест, ки посух ба онҳо барои фардои миллати мо, барои хештаншиносӣ ва барои миллати воҳид шудан ва худро дар матну батни ҷаҳони кунунӣ роҳат эҳсос кардан, бисёр муҳим аст!. Мо муътақидем, ки он чӣ як ҷомиъаро пешрафта ва обдида мекунад, на фақат ранҷҳо ва пирӯзиҳои он ҷомиъа аст, балки пеш аз ҳама ва беш аз ҳама маърифат ва худшиносии миллист…То чӣ ҳад мо бузургони воқеъии миллати хешро шинохтаем ва чунонки боиста ва шоистаи номи баланди миллати хирадкеши мост аз эшон қадршиносӣ кардаем?! Ин нукотест, ки моро ба андеша водор мекунад. Ва пас аз даргузашти устоди бузургвори мо, Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, табиист, ки афроди зиёде, ки ӯро мешинохтанд ва ба корномаи зиндагии эшон ошноӣ доштанд,ба вежа аҳли қалам аз дуру наздик дар сӯги устоди бузургвор марсияҳое ва ёдбудҳое иншо намуда, бо килки хеш аз ҷигар хун бирезонданд ва қаламро ба гиря дароварданд… Мо ба поси хотири устоди бузургвор тасмим гирифтем, ки маҷмӯъае аз навиштаҳои азизони соҳибқаламро, ки ба сурати манзум ва ё мансур рақам шуда ва ё омода мешавад, ба таври мунтахаб ва бо ороиш аз тариқи овардани пора пора аз андешаҳои муҳими устод ва байтҳо ва андешаҳои бузургони дигар, аввал дар ҳафтаномаи "Озодагон" ва пасон дар китобе таҳти унвони "Озодамард" интишор намоем. Инак матлаби нахустин аз Қаҳрамон Сулаймонӣ аст, марди огоҳ, фарҳехта ва донишманд, ки солҳо бо устод Муҳаммадҷон Шакурӣ, иртиботи дӯстона ва ҳамкориҳои судманд доштааст. Мо интизор дорем, ки дар таҳияи ин маҷмӯъа адибон, олимон, хабарнигорон, мардумони оддӣ, ки бо устод ошноӣ доштанд ва касоне, ки устодро танҳо аз тариқи навиштаҳояшон мешиносанд, ширкат хоҳанд кард. Агар ҳар касе матлабе дорад, лутфан ба адреси электроники ozodagon@mail.ru ва ё oriyonfar@mail.ru ирсол намоед. Меъёри аслӣ барои интихоби навиштаҳои Шумо самимият ва садоқати гуфтор ва ҳунари баёни эҳсос ва андеша аст.
Бо эҳтиром Сафар Абдуллоҳ ва Зафар Сӯфӣ
Дами марг чун оташи ҳавлнок
Надорад зи бурнову фартут бок,
Дар ин ҷои рафтан, на ҷои диранг
Бар асби фано гар кашад марг танг
Чунон дон, ки дод асту бедод нест,
Чу дод омадаш ҷои фарёд нест…
Ба гетӣ дар он кӯш, чун бигзарӣ.
Саранҷом, некӣ бар худ барӣ
(Фидавсӣ)
Дар сӯги бузурги аҳли қалами тоҷик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ лузуме ба гирёнидани қалам нест, қалам худ мегиряд. Марде, ки вуҷудаш таркибе мутавозин аз хирадмандӣ ва зебоӣ ва хайру муҳаббат буд ва ҷанозаи ӯ наъши орзӯҳои миллате буд, ки қариб ба яку ним қарн аст дар ҳарвалае( навъе ҳаракат байни рафтан ва давидан С.А) ошуфтавор байни марокизи фарҳангии Хуросони бузург медавад ва ҳанӯз фарҷоми кори ӯ маълум нест. Миллате, ки рӯзе ғарибонае месуруд барои ду бародар, ки бо лашкаркашии муҳоҷимон бе ҷо шуда буданд. Яке дар он сӯи рӯдхонаи Булх монд ва дигарӣ дар Афғонистони кунунӣ, то шояд рӯзе дубора ба хонаи падарӣ баргардад ва ҳаргиз барнагашт ва рӯзе дигар дар сӯги Бухорою Самарқанд чомаҳои дардмандона сар дод, ки бародарони дирӯзааш ба ситам ӯро аз хона ронда буданд ва нишонаи хонаи падариро аз сардари хона месутурданд, то ба торих биқабулонанд, ки соҳибхона дигаре аст; чӣ сахтиҳое кашида ин миллат…
х х х х х
Шакурӣ, худ аз ин беҷо шудагон буд. Гарчи нақши хонадони ӯ дар тарвиҷи илму хирадмандӣ дар Бухоро бар ҳамагон равшан аст, ки падар бар падар машъалдори фазлу доноӣ буданд, аммо ҳаводиси Инқилоби Уктабр ва юриши булшавикҳо ба Осиёи Марказӣ, ҳастии ин хонадони ҷалилро дар маърази таҳдид қарор дод ва тифли ин хонавода солҳое дарбадарӣ ва бедаркуҷоиро таҷриба кард, вале кӯшид то қадам бар асари бузургони хонадони хеш бигузорад. Бе сарпараства дарбадарӣ ӯро бо олами илм бегона накард, хонд ва омӯхт ва дар солҳое, ки имкони болу пар задане пайдо шуд, кӯшид то парвоз дар фазои озодӣ ва фарҳангро ба дурустӣ ба ҳамватанони худ биомӯзад ва дар ин роҳ мисли ҳамаи фарҳангсолорон навишту хонд ва сухан гуфт ва ҳосили кораш маҷмуае аз навиштаҳоест, ки на фақат барои Тоҷикистон, бал барои ҳамаи касоне, ки ба ҳуввияти фардӣ ва ҷамъӣ ва миллӣ меандешанд, нуктаомӯз ва роҳгушост.
х х х х х
Нахустин ошноиям бо вай бо интишори китоби "Хуросон аст ин ҷо" буд, гарчи қабл аз ин навиштаҳои пароканда аз ӯро хонда будам, аммо нахустин китобе, ки Шакуриро ба ман шиносонд ҳамин китоб буд, ки ба хати форсӣ ва ба сурати шитобзадаву оканда аз иштибоҳоти матбаъаӣ дар Душанбе тавассути сафорати тозатаъсиси Ҷумҳурии исломии Эрон. дар ин кишвари навбунёд мунташир шуда буд. Аммо умқи матолиб ва ширинии насре, ки ӯ навишта буд, ағлоти матбаъӣ ва чопи номуносиби онро ба ҳошия меронд. Китобро хондам. Матолиб бад-он андоза тозаву амиқу ҷиддӣ буд, ки маро во дошт бори дигар онро ба мутолеа бигирам ва ёддоште фароҳам кардам, то дар яке аз нашриёти кишвар дар муаррифӣ ва нақди он ба чоп бисупорам. Аммо муддате ин ёддошт боқӣ монд, то онро дар фаслномаи "Эроншинохт", ки худ масъулияти сардабирии онро ба уҳда доштам, ба чоп супурдам.
Пас аз интишори ин ёддошт донишварони тоҷик нусхае аз онро ба устод дода буданд ва ӯ дар сафаре ба Теҳрон телфонӣ изҳори алоқа кард, ки бо ҳам дидоре дошта бошем. Ман низ ширинии садои мардеро, ки навиштааш оканда аз хирадмандӣ ва дард ва ҳикмат буд, дар коми ҷон эҳсос кардам ва барои ин мулоқот сар аз пой намешинохтам.
Мулоқот дар дафтари корам дар интишороти Сурӯш даст дод. Ман пире сапедмӯеро дидам, ки бонуе миёнсол ӯро ҳамроҳӣ мекард ва ӯ ҷавоние ёфт, ки ба таъбири худаш - ончунон ки баъдҳо ба ман гуфт - интизорашро надошт. Ин пири сапедмӯи оканда аз ҳаяҷон ва шӯру ишқ ва хирадмандӣ Устод Шакурии Бухороӣ буд ва он бонуи миёнсоли фозил ҳамсараш Дилафрӯз Икромӣ.
Баргардони ёддошти маро устод ба хати сириллик ба яке аз нашриёти тоҷик супурда буд ва дар он ҷо чоп шуда буд ва нусхае аз онро барои ман ҳадя оварда буд ва барои ман ҳаловате дошт, ки ҳанӯз ҳам онро дар умқи ҷони хеш эҳсос мекунам.
Ин дӯстӣ идома ёфт, тақрибан ҳар сол тавфиқи зиёраташ даст медод, то дасти тақдирам маро ба Тоҷикистон кашонд ва чанд соле ройзани фарҳангии Ҷумҳурии исломии Эрон дар ин кишвар шудам. Акнун буъди макон аз миён бархоста буд ва дидорҳои мустамар ва афзунтар то рӯзҳои вопасини ҳаёташ, ки хабари даргузашташро дар фазои маҷозӣ дидам дар диёре дигар - Покистон - ва чанд соате пас аз даргузашташ рӯзгори номурод маро дареғогӯи марде кард, ки дар рӯзгори худ худовандгори фазилат ва мардиву ростгӯиву тафаккур буд.
х х х х х
Шакурӣ гарчи аҳли мадраса буду окодемисиани забардаст, аммо дар айни ҳол соҳибдиле буд, ки дониши мударрисии хешро ба кор гирифта буд то мағруқи фарҳанги миллии тоҷиконро аз гирдоби ҳодисот бираҳонад.
Бо мутолеаи амиқ ва ҷиддии худ дарёфта буд табйине, ки аз ҳуввияти миллии тоҷикон бидуни назардошти давраи фарҳангии пас аз ислом мешавад, роҳ ба ҷое намебарад, гарчи онро нафй намекард - ки қобили нафй кардан набуд - аммо ба дурустӣ дарёфта буд, ки бахши зиндаи фарҳанг, ки метавонад дар ин рӯзгор ба кори ин миллат биёяд ва ӯро аз ғарқоби ҳаводис бираҳонад, ҳамин давра аст. Ин нигариш ӯро аз ҷамъи рӯшанфикроне, ки ҳамаи дастмояҳои маънавӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро дар давраи Эрони бостон меҷустанд, ҷудо кард ва ҳатто дар мавориде ба нерӯҳои мазҳабӣ наздик. Муъонидонаш дастовезе пайдо карда буданд; ӯро равшанфикре вобаста мехонданд ва арсаро бар ӯ танг мекарданд. Ҳамаи қудрати равшанфикрии хешро ба кор гирифта буданд то садои ӯ пажвоке пайдо накунад. ӯ ҳуҷуми булшавикҳоро ба Осиёи Марказӣ фоҷеа хонда буд. Дар мақолае ин масъаларо тавзеҳ дода буд, ки он чӣ таи солҳои ҳукумати шӯроҳо "Инқилоби Бухоро" номгузорӣ кардаанд, на танҳо инқилоб набуд, балки таҳоҷуме ҳавлнок ва ҳарҷу марҷе тамомайёр буд, то ба кумаки он муқаддароти як миллатро ба даст бигиранд. Меросдорони тафаккури морксистӣ, ки муҷории қудрат ағлаб дар дасти онҳо буд, назароти ӯро барнаметофтанд ва иҷозаи нашр ба ӯ намедоданд. Нагузоштанд мақолаашро ба унвони "Фитнаи инқилоб" дар нашрияи равшанфикрии Тоҷикистон ба чоп бирасонад. Ғавғосолорон, ки имконоти иттилоърасониро дар даст доштанд бо иттико ба қудрати худ саъй мекарданд ӯро ба ҳошия биронанд.
Таи ин солҳо ӯ минбари дигаре ёфта буд, ки битавонад дар сатҳи васеътар орои хешро арза кунад. Узвият дар Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон ва истиқболи ноширони эронӣ ба ӯ фурсате тоза дода буд, то ба нашри осор ва афкораш бипардозад. Аммо мушкил ин буд, ки ин навиштаҳо ба хати форсӣ буд ва ҷамъи касире аз ҷомеаи Тоҷикистон наметавонистанд ба сурати боиста бо ин хат иртибот барқарор кунанд. Буъди макон ҳам монеъи дигар буд то ин осор ба дасти алоқамандон бирасад.
Дар ин муҷоҳидати илмӣ ӯ мекӯшид тафсире тоза аз ҳуввияти миллӣ ва забону ҷуғрофиёи торихӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ба даст бидиҳад. Аз ҳамин рӯ ҷунбише, ки ӯ раҳбарӣ мекард, ҳамвора ҳарфе барои гуфтан дошт. Ин ҷунбиш ба ҳеч куҷо вобаста набуд. Равшанфикрони миллӣ ва мустақиле буданд, ки бо хондану навиштану гуфтан мекӯшиданд бар роҳи начандон ҳамвори худшиносии миллӣ дар ин сарзамин рӯшноӣ биафкананд. Дар ин масир тағйире тоза аз рухдодҳо бархе касонро бармеошуфт ва бархеро ба мубориза бо ӯ водор мекард ва бархеро ҳамроҳи ӯ мекард. Ба таъбири тоҷикон ӯ аламбардори ин ҷараён буд. Ҳамаи алоқамандонаш мунтазир буданд, ки ӯ сухане бигӯяд, мекӯшиданд то ҳадди имкон назароти ӯро дар фазои ҷомеа инъикос диҳанд.
Бо нигарише, ки ӯ дар хусуси наҳзати ҷадидия дошт, нақши бархе афродро дар ин ҷараён дигаргуна тафсир мекард. Бархе чеҳраҳои шинохташударо, ки таи чанд даҳаи ҳукумати шӯроӣ дар боби онон баҳсҳои бисёр гуфта шуда буд ба ҳошия меронд ва бархе аз матрудинро эҳё мекард. Нақде, ки ӯ ба Абдурауфи Фитрат дошт то зҳёи чеҳраи Аббос Ализода, нишондиҳандаи истиқлоли фикрӣ ва тафсири тозаи ӯ аз торихи фарҳангии тоҷикон буд.
Ба хотир дорам, ки барои нашри "Вижаномаи Рӯдакӣ" дар хусуси "ҷадидия" бо ӯ ба машварат нишастам. Нуктаҳои бадеъ ва тозаеро ёдовар шуд, ки роҳнамои мо дар тадвини вижанома буд ва дар ин гуфтугӯ сухан аз донишманде рафт, ки таи солҳои бигиру бибанди истолинӣ аз торихи фарҳанг ҳазф шуда буд. Устод худ даврае ҳузури ӯро дарк карда буд ва аз ӯ гуфтаниҳои бисёр дошт. Дархост кардам, ки мақолае дар хусуси ин марди бузург бинависад ва ӯро ба ҷомеаи фарҳанги муштаракамон бишиносонад. Рагу решаи эронии Аббос Ализода алоқаи манро ба таълифи ин мақола афзунтар мекард. Хонум Икромӣ ҳам, ки дар ҷамъ буд, дархости маро таъйид кард ва ӯ даст ба ин кор зад ва пас аз қариб ба се сол, вақте дар бемористони Меҳри Теҳрон ба аёдаташ рафтам, дидам ҳосили он дархост инак китобе шуда буд, ки устод нусхае аз онро ба ман ҳадя кард ва ман дар паси рафтори оддиям ба устод рашк бурдам, ки дар ин солҳои пирӣ ва нотавонӣ - ба қавли тоҷикон ба ёрии пурбин (заррабин) - ба заҳмат метавонист бихонаду бинависад, он ҳам аз ҷониби марде, ки ин солҳо бо бемории сахте даст ба гиребон буд, ки ҳар аз чанде ӯро аз хона роҳии бемористон мекард ва фурсати зиндагии оддиро аз ӯ гирифта буд.
х х х х х
Гарчи дар чанд соли гузашта бо беморӣ даст ба гиребон буд, аммо ҳаргиз аз пой наменишаст. Ранҷи ҷонкоҳе, ки аз ин беморӣ дошт, вайро ба таслим намехонд. Муқовимат мекард. ӯ шоҳид буд, ки чи гуна истилои булшавикҳо бар Осиёи Марказӣ чанд наслро ба табоҳӣ кашонда буд. Аз ин рӯ навъе аз русҳаросиро дар батни ҷони худ дошт. Гарчи ба фарҳанг ва адабиёти рус ишқ меварзид ва ононро месутуд, аммо рафтори сиёсӣ ва манфиатталабонаи ононро менакӯҳид. Бархе дӯстонаш ҳам бо ӯ ҳамақида буданд. Чанд сол қабл, ки дар бемористони Қарияи Болои Душанбе бистарӣ буд, аз тариқи ҳамсараш хонум Икромӣ хабардор шудам. Ба диданаш шитофтам.
Устод дар ҳолате миёни хобу бедорӣ буд. Навъе беҳушии сатҳӣ дошт. Пизишкон ҳам ӯро эҳтиром мекарданд ва утоқе обрӯманд бо имконоти лозим дар ихтиёраш қарор дода буданд. Утоқаш пур буд аз чеҳраҳои фарҳангии тоҷик. Ҳамагон муттафиқ буданд, ки ӯ барои муолиҷа бояд ба ҷойи дигар аз Тоҷикистон интиқол дода шавад, вагарна ба идомаи ҳаёташ набояд умедвор буд.
Интиқол ба Русия ва Эрон матраҳ буд. Аммо чанд мушкил вуҷуд дошт. Нахуст тасмимгирӣ дар ин маврид нафси ҷобаҷои ва интиқол буд, ки вазъияти ҷисмии ӯ иҷоза намедод ва пизишкон нигарон буданд, ки бадани хаста ва нотавони вай наметавонад фосилаи ду кишварро тоб биёварад ва дигар ин ки ба куҷо интиқол дода шавад. Дар мавриди нахуст бояд пизишкон ва хонавода иҷоза медододанд ва дар мавриди дуввум бархе дӯстонаш эътиқод доштанд, агар устод ба Русия биравад баргашташ муҳол аст. ӯ таи ин солҳо бо қаламу қадам табаҳкории ононро нишон додаст. Билахира тасмим ба интиқол ба Эрон гирифта шуд. ӯ узви хонаводаи Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон буд ва алалқоида аз ин бобат мушкиле вуҷуд надошт. Ройзании лозим бо Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ анҷом шуд ва устод дар миёни мавҷе аз нигаронӣ озими Эрон шуд.
Пас аз чанде, ки ба Тоҷикистогн баргашт, ҳанӯз осори сустӣ бар пайкари фарсудаи ӯ вуҷуд дошт. Аммо ӯ аз якқадамии марг баргашта буд. Ҳамаи дӯстонаш аз ин бобат хушҳол буданд. Бозгашти дубораи ӯ ба Тоҷикистон дар расонаҳо бозтоби васеъ ёфт ва дар хусуси шаъни илмии пизишкони эронӣ суханҳои некӯ гуфта шуд ва фазои бисёр мусбате шакл гирифт, ки то имрӯз ҳам идома дорад. Ҳанӯз ҳам бахше аз мусофирони тоҷик, ки озими Эрон мешаванд, барои дармон меоянд, бигзарем.
Устод баргашт. Гӯӣ дубора зиндагии ӯ оғоз шудааст. Беқарор буд. Менавишту мегуфт. Ҳар навиштаву гуфтааш ҳодисае буд. Об дар хобгаҳи мӯрчагон мерехт. Душманонаш осуда набуданд. ӯ оромиши қабристониро барнаметофт. Мунтаҳо на дасту тавони бигиру бибанд ва ғавғо дошт ва на дар дунёи тафаккури ӯ ин шакл аз амали иҷтимоъӣ ҷойе дошт. Муроқиб буд, ки аз масири адолат хориҷ нашавад. Дунёямон камобеш муштарак буд. Сухан гуфтану навиштан дар фазое оканда аз сӯизанн ва тардид ва чашмҳое, ки муроқиб буданду мухолифоне, ки дар паи мустамсик буданд, чандон осон набуд. Дар ин амр ҳар ҷо, ки наметавонистам тасмим бигирам бо ӯ машварат мекардам ва ӯ чун роҳшиносе мушфиқ роҳ нишон медод ва убур аз бархе бӯҳронҳоро осон мекард.
Ба хотир дорам, ки як бор дар маҷлисе дар бузургдошти Садриддин Айнӣ дар пажӯҳишгоҳи Рӯдакӣ сухане чанд бар забон рондам, ки гарчи ҳақиқат буду ҳар муҳаққиқи мунсифе онро инкор намекард, вале иддаеро барошуфта буд. Сухани мунтақидона дар боби Айнӣ гуфтан ҳанӯз ҳам сахт аст, аммо ӯ ҳам, чун дигар раҳбарони бузурги сиёсӣ ва фарҳангӣ аз хато масун набуд.
Дар нигоҳи нахуст шояд бепоёб ба об зада будам, нигарон будам, аммо ман мехостам талангаре ба дарёфти расмӣ ва бозмонда аз низоми шӯроӣ зада бошам, ки қудрати тафаккури мустақилро маҳдуд карда буд, аммо нигарон ҳам будам. Шакурӣ, ки дар маҷлис буд, ба фаросат нигаронии манро дарёфта буд. То ба ройзанӣ расидам устод аз он сӯи тилфон маро мавриди хитоб қарор доду суханонамро сутуд ва ба ман осудагӣ дод, ки: набояд нигарон бошӣ! Шумо нозири берунӣ ҳастед, ин ҳақ барои шумо маҳфуз аст, ки битавонед мунтақидона ба масоиле, ки барои мо мавриди эҳтиром аст, бингаред, мунтаҳо лаҳни сухан набояд газанда бошад, ки сухани Шумо газанда набуд ва бо ин суханон устод нигаронии маро бартараф кард…
Якбор ҳам мусоҳибае доштам бо ҳафтаномаи "Миллат", ки нашрияе ҷиддӣ ва асаргузор буд ва мудири масъулу сардабири он хонуми Адолат, рӯзноманигоре қобил ва дардманд, дар хусуси ҳувияти миллӣ ва хат. Ман назаротамро қаблан таи баҳсҳои фаровон дар ин бора бо устод тарҳ карда будам ва бо ҳам дидгоҳе муштарак доштем.
Пас аз интишор ғавғое барпо шуд. Гурӯҳе, ки ҳанӯз дар ҳолу ҳавои солҳои ҳукумати шӯроҳо нафас мекашиданд, аз бархе суханони матраҳ шуда барошуфтанд. Қудсӣ набудани хати сирилик барои онҳо тавҳин талаққӣ мешуд. Пинҳонӣ ба марокизи қудрат шикоят бурда буданд. Дастгоҳҳои ҳокимиятӣ низ ба чанд тан аз аҳли фарҳанг супурда буданд, ки гузорише дар ин хусус таҳия кунанд ва ба назари мақомот бирасонанд. Аммо ҷамъи мазкур бо хирадмандӣ масъаларо мавриди баррасӣ қарор дода буданд ва ғавғосолоронро ба ҳошия ронда буданд. Сахт нигарон будам, ки натиҷа чӣ мешавад, зеро ман масъулияти расмии намояндагии фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эронро бар ӯҳда доштам ва салоҳ набуд, ки дар муноқишоти фарҳангии кишвари мизбон ворид шавам. Бо устод машварат кардам, ӯ, ки ҳаводиси фаровоне аз ин дастро пушти сар гузошта буд, ба ман итминон дод, ки иттифоқе намеафтад. Ба рағми вуҷуди ғавғосолорон гурӯҳе ҳам ҳастанд, ки бо инсофу ҳикмат ва хирадмандӣ ба масоил менигаранд.
Ҳамингуна ҳам шуд, на танҳо иттифоқе наафтод, балки баҳс доманаи васеътаре пайдо кард ва ҳанӯз ҳам дар зумраи мавзуъоти асосӣ дар ин ҳавза аст.
х х х х х
Молу манол, дороии чандоне надошт. Опортумони сарду маъмулӣ дар минтақае аз шимоли ғарби Душанбе дошт, ки оканда аз китоб буд. Ҳар аз чанде, ки ба диданаш дар хонааш мерафтам ҳамсараш - бону Дилафрӯз Икромӣ - ба қавли худаш бо хӯрокиҳои бухороӣ пазироӣ мекард. Ҳарчи дархост мекардам, ки ба заҳмат наяфтад, гӯш намекард ва пазироӣ накардан аз меҳмонро хилофи суннати бухороӣ мепиндошт.
Бухоро барои ӯ таҷассуми ҳамаи арзишҳои волои башарӣ ва таҷаллигоҳи фарҳанги муштаракамон буд. Он қадр аз Бухоро ошиқона сухан мегуфт, ки ҳар шунавандаеро маҷзуб мекард. Ман низ барои дидани ин таҷаллигоҳи орзӯҳои устод, наврӯзи ҳамон сол озими Бухоро шудам, то дарки воқеӣ аз ин шаҳр ба даст оварам, ки дар адабиёти устоду ҳамфикронаш ба "Бухорои Шариф" мавсум аст.
Албатта Бухороро ҳамон тавр ёфтам, ки ӯ мегуфт. Дару девори ин шаҳр гувоҳӣ медод, ки шаҳре аст решадору устувор ва оканда аз мазоҳири тамаддунии муштарак.
Чунон бо шӯру иштиёқ аз ин шаҳр, ки танҳо солҳои кудакияшро дар он ҷо гузаронида буд, сухан мегуфт, ки инҷизобе шигифт барои мухотаб дошт. Ҳама чизи ин шаҳр барои ӯ, ки дар ин ду даҳа имкони дидори дубораашро наёфта буд, хотираангез буд.
Як бор дар мавриди мусиқии Бухороӣ "мавригӣ" сухан мегуфт ва чунон саҳнаи ҳузур дар ин маҷолисро нукта ба нукта ва мӯ ба мӯ таъриф мекард, ки мепиндоштӣ ӯ мусиқидоне варзида аст. Мавригиро нуқтаи иттисоли мусиқии дастгоҳи Эрон ва шаш мақоми тоҷикӣ медонист, ки дар Бухоро роиҷ буда ва ҳанӯз ҳам вуҷуд дорад. Лавҳи фишурдае тасвире аз ин навъ мусиқӣ ба дасташ расида буд, ки бароям овард. Талош дошт ба ҳамагон бифаҳмонад, ки он чӣ дар боби ишқи жарфу амиқаш дар хусуси таърих ва фарҳангу ҳунари Бухоро мегӯяд, сурате воқеӣ дорад ва ҳосили нигоҳи ошиқонаи ӯ нест ва ин шаҳр чунон оканда аз фарҳангу ҳунару таърих аст, ки набояд дар азамату "шариф" будани он шак дошт.
Дасти бахшандааш бояд бахшанда мебуд, зеро дарёдилии Бухороиёнро бояд нишон медод, хушлибос ва ороста дар маҷолису маҷомеъ зоҳир мешуд, садои тақ - тақи асояшро бар пиллаҳои чӯбии сохтмони ройзании фарҳангии Эрон дар Душанбе ҳанӯз мешунавам, ки ба иттифоқи ҳамроҳи ҳамешагияш хонуми Икромӣ бо тааннӣ боло меомад ва вақте менишаст, каломаш оҳанги дирои корвониёнеро дошт, ки орому пайваста саҳроҳои Хуросони бузургро тай мекарданд. Такяи каломаш "хуш" буд, ҳамчун суханаш, ки гарчи оканда аз талхӣ ва дарду ҳасрат буд, аммо ҳаловате хос дошт. Мисли талхии хушгувори дорӯе, ки андак-андак ба ту оромӣ мебахшад, каломаш оромиш мебахшиду бедорӣ. Ҳеч рухдоде наметавонист ин оромишро аз вай биситонад.
Ба хотир дорам, рӯзе бемор шуда буд, ба диданаш рафтам. Рақаме қобили таваҷҷуҳ, ки ӯ ва ҳамсараш дар гӯшае аз хона нигаҳдорӣ мекарданд, то ба қавли худаш харҷи чӯбу гӯри ӯ бишавад, тавассути шахсе, ки ба ӯ муҳаббатҳо карда буданд, ба сирқат рафта буд ва пирмард аз ин бобат шикоят кард, аммо нагузошт шаранги ин кор ба коми ман низ шарён пайдо кунад. Пас аз гузориши кутоҳе аз ин ҳодиса, мавзӯъи суханро иваз кард ва ба олами фарҳангу торих кашонд, то дилозурдагии ин феъли қабеҳ бар дидорамон соя наафканад. Дар шароите, ки он маблағ барои пирмард рақаме қобили таваҷчуҳ буд, аммо барои марде, ки бар тораки ҳафт ахтар пой дошт, ин рухдодҳои кучак наметавонист ӯро аз олами қаноату илм ба водии дигар бикашонад.
Девори хонааш пур буд аз лавҳҳои тақдир ва саноъеи дастӣ ва аксҳои мухталиф. Интихоби ӯ ба унвони "Чеҳраи мондагор" дар Эрон барояш бисёр лаззатбахш буд. Аксе ва лавҳе аз ин хотираро бар девори утоқи кораш дошт ва лавҳе ҳам, ки дар рӯзи бузургдошти ӯ дар намоишгоҳо байналмилалии китоби Теҳрон дар рӯзи таҷлил ба ӯ тақдим шуда буд, ба девори хонааш овехта буд. Нахустин бор лаззати пинҳонии дидани ин лавҳ бар девори хонааш ҳисси лаззатбахш ва маъсумонаи ин навъ аз худхоҳиро ба ман ҳам илқо кард, зеро худ ин маҷлисро баргузор карда будам ва ин лавҳ ҳосили бузургдоште буд, ки дар Сарои аҳли қалами Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон ба ӯ дода будем.
х х х х х
Акнун, ки дар кишваре дигар - Покистон - ин ёддоштро ба дархости дӯсти нозанинам Сафар Абдуллоҳ, донишманди дардманди тоҷик, ки солҳост яктана дар Қазоқистон посдори фарҳанги куҳани муштаракамон дар ин кишвар аст, менигорам, Шакурӣ ҷилӯи чашмони ман нишастааст. Ҳамон симои ҷаззоб, ҳамон либоси ороста ва ҳамон изҳори муҳаббатҳо ва бону Дилафрӯз Икромӣ дар канори ӯст. Пиёлае чой ба дасташ медиҳад ва ӯ даҳонашро тоза мекунад ва идома медиҳад; ин роҳест, ки мо бояд биравем, чорае нест, хӯш...