Ин дар ҳолест, ки охирҳои моҳи июни соли равон як килло гӯшти гӯсфандро аз нуқтаҳои савдо бо арзишӣ 30 сомонӣ харидан мумкин буд: «Феълан, аз ҳама нархи гарон дар бозори «Деҳқон»-у «Шохмансур» мушоҳида мешавад. Як килло гӯшти гӯсфандро ин ҷо 34 сомонӣ ба фурӯш гузоштаанд. Ин дар ҳолест, ки дар дӯконҳои гӯштфурӯшии бозорҳои «Саховат» 33 ва бозори «Варзоб» 32 сомонӣ ба фӯруш гузошта шудааст».
Болоравии нархи гӯшт дар ҳоле ба назар мерасад, ки тибқи хабарҳои оморӣ давоми 9 моҳи ҳамин сол дар кишвар саршумори бузу гӯсфанд аз 4 миллону 577 ҳазору 66 сари дар соли 2011 буда, ба 4 миллону 782 ҳазору 430 сар афзоиш ёфтааст.